Моддаи 49. Ҳолатҳое, ки ҷавобгарии маъмуриро сабук мекунанд

 

konstitutsia

1. Ҳолатҳои зерин ҷавобгарии маъмуриро сабук мекунанд:
- софдилона пушаймон шудани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содир кардааст; - ихтиёран хабар додани шахс дар бораи аз ҷониби ӯ содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- оқибатҳои зарарноки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро бартараф кардани шахси гунаҳгор, ихтиёран xуброн намудани товони зарар ва ё бартараф намудани зарари расонидашуда;
- содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ (аффект) ё бинобар ҳолатҳои вазнини ҳаёти шахсӣ, оилавӣ ва ё ҳолатҳои дигар;
- содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шахси ноболиғ;
- содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби зани ҳомила ё зане, ки кӯдаки хурдсол дорад ё шахсе, ки худаш кӯдаки то ҳаждаҳсоларо танҳо тарбия мекунад;
- содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳти таъсири таҳдид, маҷбуркунӣ ё вобастагии хизматӣ, моддӣ ва ё вобастагии дигар;
- бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии камаҳамият;
- содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳангоми баромадан аз ҳадди зарурати ниҳоӣ, таваккали асоснок. (Қонун №717 аз 28.06.11с.)
2. Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ мекунад, метавонад дигар ҳолатҳоеро низ чун ҳолати сабуккунандаи ҷавобгарӣ эътироф намояд, ки дар Кодекси мазкур пешбинӣ нашудааст.

Садо