Қонуни ҶТ » Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» Моддаи 8. Ӯҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд

 

-

Падару модар дар тарбияи фарзанд ӯҳдадориҳои зерин доранд:
— ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд;
— пас аз таваллуд фарзандро дар мӯҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд;
— барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд;
— фарзандро ба зиндагии мустақилона омода намоянд;
— фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд;
— гаштугузори фарзанди то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд;
— шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд;
— новобаста ба ҷинс, синну сол, қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва рӯҳии фарзанд, нисбат ба ӯ баробар муносибат намоянд;
— дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то бистсолаашонро манъ намоянд;
— кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, муассисаҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳҳо, манзили зист, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати тахрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд;
— ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд;
— ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд;
— аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат намоянд; (ҚҶТ аз 15.03.2016,№1294)
— ба фарзанд мутолиа ва паҳн кардани сабтҳои электронӣ (аз ҷумла тариқи телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд;
— иштироки фарзандро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои фарзандоне, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд;
— барои фарзанди то бистсола истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла пиво), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва маводи сахттаъсирро манъ намоянд;
— иштироки фарзандро дар чорабиниҳои барои ӯ тавсиянашуда иҷозат надиҳанд;
— гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи ронандагӣ ва рондани автомобилро барои фарзанд иҷозат надиҳанд;
— ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзанд роҳ надиҳанд;
— ба ҷалб намудани фарзанд ба корҳои хавфнок ва вазнини ба саломатии ӯ зараровар ва ҳамчунин дигар корҳое, ки ба инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва равонии фарзанд халал мерасонанд, иҷозат надиҳанд;
— фарзандро ба фаъолияти соҳибкорӣ ва хариду фурӯш, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст, ҷалб насозанд;
— бе ҳамроҳии шахси болиғ гаштугузор кардани фарзанди то шонздаҳсоларо дар ҳудуди биною иншооти техникӣ, таҳхонаҳо ва болохонаҳои биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, ҳудуди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, саристгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо ва саристгоҳҳои нақлиёти мусофирбар манъ намоянд;
— дар ҷойҳои ҷамъиятӣ навиштан, ифлос намудан ва расонидани зарарро аз ҷониби фарзанд манъ намоянд;
— дастрасии фарзандро ба маводи сӯзандаю тарканда пешгирӣ намоянд;
— истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёҳои қиматбаҳо (ба истиснои як ҷуфт гӯшвора барои духтарон)-ро аз тарафи фарзанд дар муассисаҳои таълимӣ ва холкӯбиро барои фарзанд манъ намоянд;
— ба шикастани панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва дигар ороишоте, ки дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ мавҷуданд ва тахриб кардани онҳо аз тарафи фарзанд роҳ надиҳанд;
— дигар ӯҳдадориҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро намоянд.

Садо