Агар Шуморо корманди милитсия боздошт кунад:

 

-
Мӯҳлати боздошт аз 72 соат зиёд нест. Агар давоми 72 соат аз лаҳзаи боздошт дар бораи то мурофиаи судӣ аз озодӣ кардани Шумо қарор қабул нашавад, онҳо ӮҲДАДОРАНД, ки Шуморо озод намоянд;

Пас аз бурдан ба шӯъбачаи милитсия тартиб додани Протокол дар бораи боздошти худ ва бақайдгирии онро дар Дафтари сабту баҳисобгирии боздоштҳо талаб намоед: (сана ва вақти бурда расонидани Шумо, ному насаби корманди мақомоте, ки Шуморо боздошт кардааст ва ғ.)

Талаб кунед, то корманди милитсия ҳуқуқу ӯҳдадориҳоятонро ба Шумо фаҳмонад;

Баъди бақайдгирӣ дар Дафтари сабту баҳисобгирии боздоштҳо гузаронидани муоинаи тиббиро аз ҷониби табиб дар ҳуҷраи алоҳида бе ҳузури кормандони мақомот талаб намоед (Шумо ба гирифтани нусхаи варақаи муоинаи тиббӣ ҳуқуқ доред) (Моддаҳои 16 ва 24-и Қонуни ҶТ “Дар бораи тартибу шароити нигоҳдории боздоштшудагон, гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон” );

Агар Шумо худро бад ҳис кунедё аз ягон беморие азият мекашед, ҳангоми муоинаи тиббӣ дар ин бора ба табиб гӯед ва талаб намоед, ки табиб ҳамаи инро дар варақаи тиббии худ сабт намояд;

Пеш аз имзо кардани протокол, матни онро бодиққат хонед;

Агар Шумо бо мазмуни Протокол розӣ набошед, ҳуқуқ доред сабабҳои норизигии худро дар Протокол изҳор кунед ва зери баёнияи сабткардаи худ имзо гузоред (моддаи 173-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ );

Ҳеҷ гоҳ ба варақҳои холӣ (пуркарданошуда) имзо нагузоред;

Шумо ӯҳдадор нестед, ки бегуноҳии худро исбот (моддаи 15 қисми 3 ва моддаи 21 қисми 2 Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ );

Шумо ҳуқуқ доред бо адвокати як ба як, дар алоҳидагӣ ва бе маҳдуд кардани шумора ва давомнокӣ, сӯҳбат намоед;

Ҳуқуқ доред, ки ариза нависед;

Шумо метавонед ягон шаҳодат надиҳед, агар асос дошта бошед, ки онро бар зидди Шумо ва хешовандони наздики Шумо метавонанд истифода баранд;

Муҳим аст, киба доми таҳдидҳои эҳтимолӣ, фитнаангезиҳо ва “маслиҳатҳои дӯстона”-е ба мисли “Ту имзо кун ва мо туро озод мекунем”, “Иқрор шав ва мо туро озод мекунем ”, наафтед;

 

Садо