Ӯҳдадориҳои корманди милитсия ҳангоми муносибат бо шаҳрвандон

 

-
Мутобиқи Оинномаи Хадамоти дидбонию пайроҳадории милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 18 –уми майи соли 2013 таҳти №18), корманди милитсия ӮҲДАДОР АСТ:
 Талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон бе чуну чаро иҷро намуда, аз шаҳрвандон низ иҷрои онро талаб намояд;
 Бо шаҳрвандон хушмуомила, бодиққат ва ғамхор, ба одамони ниёзманд кӯмак расонад;
 Ҳангоми муроҷиат ба шаҳрванд даст ба бари кулоҳи хизмати нигоҳ дошта салом диҳад, вазифа, унвон ва ному насаби худро муаррифӣ кунад, бо дархости шаҳрванд шаҳодатномаи хизматиро нишон диҳад ва сипас сабабу мақсади худро муроҷиати худро баён намояд;
 Ҳангоми гуфтугӯ бо шаҳрвандон оромию таҳаммул зоҳир намояд, муноқиша накунад, худро гум накунад, ба дағали дағалона ҷавоб надиҳад ва дар амалҳои худ эҳсосоти хусуматомези шахсиро ба сифати дастур истифода набарад;
 Асоси маҳдудсозии ҳуқуқи озодиҳои шахси боздоштшударо ба ӯ шарҳ диҳад ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ӯро дар ин робита пайдошавандаро баён намояд.
 Нисбат ва дар муносибат бо шаҳрвандон ба зӯроварӣ, шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона ё пасткунандаи шаъну шарафи инсонӣ роҳ надиҳад;
 Ҳамавақт ба шахсони ба фалокат дучоршуда, маъюбон ва кӯдакон кумак кунад;
 Бояд хушрафтор, хуш сару либос ва пок виҷдон бошад, талаботи қонунро соф дилона иҷро намуда, ба поймол созии ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон роҳ надиҳад;
 Ба маданияти суханронӣ аҳмият диҳад ва ба шаҳрванд танҳо “Шумо” –гуён муроҷиат намояд;
 Ҳангоми истифодаи қуваи ҷисмони, воситаҳои махсус ва ё силоҳи оташфишон набояд аз салоҳият сӯиистемол кунад;

Садо