Ҳангоми боздошт шудан аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Шумо ҳуқуқ доред:

 

-
 Донед, ки барои чӣ гумонбар ё айбдор шудаед (моддаи 46 қ. 4 ва моддаи 47 қ. 4-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ);
 Оғоз аз лаҳзаи дастгиркунии воқеъӣ аз хизматрасонии адвокат дар бораи истифода баред (моддаи 22 Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ);
 Дар давоми 12 соат аз лаҳзаи дастгиркунии воқеъӣ дар бораи дастгиршавиатон наздиконатон хабардор карда шаванд (моддаи 100 Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ);
 Баёнот ва нишондод диҳед ё надиҳед. Корманде, ки пурсишро мегузаронад, ҳуқуқҳои Шуморо дар ин бора бояд хабардор кунад (моддаи 46 қ. 4 ва моддаи 47 қ. 4-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ);
 Адвокатро даъват намуда, дар ҳузури ӯ баёнот диҳед ( агар барои адвокат маблағ надошта бошед, пас бояд аз ҳисоби давлат бо ӯ таъмин гардед);
 Бо забони модарӣ баёнот диҳед ва аз хизматрасонии тарҷумон ба таври ройгон истифода баред (моддаи 180-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ);
 Нусхаи протоколи дастгиршавӣ қарорро оид ба татбиқи чораи пешгирӣ гиред (моддаҳои 46 ва 47-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ);
 Ёрии бетараъхири тиббӣ гиред ва аз муоинаи тиббӣ гузаред (моддаҳои 16 ва 24-и Қонуни ҶТ “Дар бораи тартибу шароити нигоҳдории боздоштшудагон, гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон”);
 Шикоят овардан аз рӯи боздошти ғайриқонунӣ ва амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (моддаи 23-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ);
 Ҳеҷ яке аз иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ наметавонад таҳти зуроварӣ, шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона ё пасткунандаи шаъну шарафи инсонӣ қарор гирад (моддаи 10 Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ);

Садо