Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

 


28Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти А.Ҳасанови ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2020, мардони 40, 33 ва 28-солаи сокинони ҷамоати деҳоти А.Ҳасанов бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 70 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додаанд, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонанд, аммо то ҳол онро барнагардонидаанд.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст, ки 19-уми октябри соли 2018, дар назди масҷиди навсохтмон, воқеъ дар кӯчаи Навобод марди 36-солаи сокини ноҳияи Данғара бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 15 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз заминҳои ноҳияи Варзоб ба ӯ қитъаи замин гирифта медиҳад, аммо то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи октябри соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 45 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки баъд аз 1-моҳ аз давлати Амрико ба ӯ автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла” дастрас менамояд, аммо то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидаст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Садо

Навор

Ҳама наворҳо