Ҳабс аз рӯйи навор: Вазорати умури дохилӣ 5 ҷавонро барои бетартибӣ 15 рӯз ба ҳабс гирифт

 

5 avbosh

Тавре аз Маркази матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар доданд, ҳафтаи сипаришуда як нафар сокини шаҳри Душанбе навори муноқишаи як гурӯҳ ҷавононро тавассути саҳифаи иҷтимоии «Фейсбук» ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намуда, дархост намуд, то нисбати нафарони қонуншикан чораҳои таъсиррасонии қонунӣ андешида шавад. Дар натиҷаи санҷиши муроҷиати мазкур муайян карда шуд, ки санаи 5-уми апрели соли ҷорӣ як гурӯҳ ҷавонон дар ҳолати мастӣ дар назди қаҳвахонаи «Шабнам» воқеъ дар кӯчаи С. Шерозии шаҳри Душанбе нисбати якдигар дашномҳои қабеҳ ва муноқиша намудаанд. Ҳамзамон ба эроди атрофиён беэътиноӣ намуда, бо содир намудани ин кирдори зиддиҷамъиятиашон нисбати шаҳрвандону атрофиён беэҳтиромӣ зоҳир намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.

Дар натиҷаи пешбурди маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Юсуфов Алиҷон Исуфович, соли таваллудаш 1981, Комрони Шодмон, соли таваллудаш 1990, Муродов Сафар Мирзохонович, соли таваллудаш 1975, Назриев Комил Абдулазизович, соли таваллудаш 1991, Қурбонов Умедҷон Тошболтаевич, соли таваллудаш 1985, дастгир карда шуданд.

Зимни пурсиш маълум гардид, ки дар ҳақиқат номбурдагон дар назди мавзеи мазкур аз сабаби нофаҳмиҳои ночиз байни ҳамдигар муноқиша намуда, осоиштагии шаҳрвандонро халалдор сохта, бо алфози қабеҳ ҳамдигарро дар ҷои ҷамъиятӣ таҳқиру дашном намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд.

Дар натиҷа аз ҷониби кормандони милитсия кирдори майдаавбошонаи онҳо тибқи муқаррароти моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст ва нисбаташон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди н. Сино ирсол гардид.

Суд дар навбати худ санаи 8-уми апрели соли ҷорӣ ба ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯзӣ таъин кард.

 


 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо