ҚАЛЛОБ ДАР КОФТУКОВ. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

 

kallob
Муҳаммадиқбол Садуридинов бо кирдори қаллобонаи худ, 430 000 доллари ИМА-ро тасарруф карда, ба шаҳрвандон зарари махсусан калони иқтисодӣ расонидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабутов Неъматулло Бадриддинович, Холов Сиёвуш Имомқулович ва Қаюмов Носиҳиддин Шарифович бо аризаи шикоятӣ нисбат ба кирдорҳои қаллобонаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович, санаи таваллудаш 15-уми майи соли 1978, зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, муроҷиат карданд.

Баррасӣ ва санҷиши аризаҳо нишон дод, ки Садуридинов М.Қ. моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб, дар ҳузури шоҳидон шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон Давронов М., Эркинов X. ва шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Шерматов Ч. бо роҳи қаллобӣ, даромадан ба боварӣ, бо овардани ривоятҳо аз Қуръон ва ҳадисҳо аз пайғамбарони дини ислом, аз шаҳрвандони ҶТ Кабутов Н.Б. 130 000 доллари ИМА, аз Холов С.И. 120 000 доллари ИМА ва аз Қаюмов Н.Ш. 180 000 доллари ИМА (ҷамъан 430 ҳазор доллари ИМА) гирифта, ваъда медиҳад, ки дар баробари маблағи аз онҳо гирифтааш, ҳармоҳа аз 10 то 12% фоида хоҳад дод.  Барои ба даст овардани боварӣ, Садуридинов М.Қ. ду моҳи аввал аз маблағи додаашон 5-6 % маблағи пулиро ҳамчун даромади бадастомада бармегардонад ва баъди сипарӣ шудани ду моҳ, ба Кабутов Н.Б., Холов С.И. ва Қаюмов Н.Ш. дар бораи муфлис шудани тиҷорати худ хабари бардурӯғ дода, ҳар гуна баҳонаҳоро пеш оварда, моҳи ноябри соли 2010 аз шаҳри Дубайи АМА ба шаҳри Бишкек ва аз он ҷо ба макони қарордошти имрӯзааш Аврупо фирор мекунад.

Ҳамин тариқ, Садуридинов М.Қ. бо кирдори қаллобонаи худ, 430 000 доллари ИМА-ро тасарруф карда, ба шаҳрвандони зикргардида зарари махсусан калони иқтисодӣ расонидааст.

«Бо дарназардошти он, ки дар кирдорҳои Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ бо расонидани зарари махсусан калон) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавҷуданд, нисбати номбурда парвандаи  ҷиноятӣ оғоз ва дар кофтукови расмӣ эълон карда шуда,  тафтишоти пешакӣ  дар робита бо ин парванда  идома дорад», омадааст дар хабари мақомот.

Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоем, дар сурате, ки аз рафторҳои қаллобии Садуридинов М. ҷабр ё зарар дида бошанд, метавонанд ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

 

https://khovar.tj/2020/10/vvallob-dar-koftukob-prokuraturai-generalii-um-urii-to-ikiston-habar-medi-ad/

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо