Сохтакорони билети ҳарбии қалбакӣ

 

k78n775Нисбат ба Буйдаков Рустам Ашуралиевич барои омода карда, додани билети ҳарбии номувофиқ ба хизмати ҳарбӣ бо моддаҳои 247, қисми 3, банди «а», 36, қисми 1 -391, қисми 1 ва 340  қисми 2 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбат ба Каримов Файзидин Рустамович барои омода кардани билети ҳарбии қалбакӣ бо моддаҳои 391, қисми 1 ва 340, қисми 2 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуданд. Дар ин бора аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Рустам Буйдаков дар вазифаи ронандаи Ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, бо маслиҳати пешакӣ бо сардори зершуъбаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ Файзидин Каримов моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд «А» барои ба номи бародари охирин — шаҳрванд «Б» омода карда, додани билети ҳарбии номувофиқ ба хизмати ҳарбӣ 8000 сомонӣ маблағ талаб карда, онро дар ду ҳолат гирифта, ба охирин билети ҳарбии қалбакӣ омода кардаанд.

Инчунин Р. Буйдаков ва Ф.Каримов бо ҳамин тарзу усул моҳи июни соли 2020 ба номи шаҳрванд «Б» билети ҳарбии номувофиқ ба хизмати ҳарбиро бо роҳи сохтакорӣ омода намудаанд.

Садо

Навор

Ҳама наворҳо