Собир Валиев пушаймон шуду баргашт. Гурӯҳи - 24 рӯ ба таназзул меорад

 

 _2Чанде пеш аз расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ маълум гардид, ки собиқ муовини раиси ташкилоти экстремистию таррористӣ эълонгаштаи «Гурӯҳи 24» Собир Валиев бо ихтиёри худ ба Ватан баргаштааст. Ҳатто дар расонаҳо акси нусхаи эзоҳи авфи татбиқгардида, дар шабакаи интренет паҳн гардидааст. 
Донишҷӯ ва ҷавони фаъоли риштаи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳалим Одинаев зимни суҳбат ба “Андеша” гуфт: “Ин ҳама бозгаштҳои аъзоёни ташкилотҳои экстремистӣ, аз ҷумла бозгашти ихтиёрии муовини раиси ин ташкилот аз чӣ гувоҳӣ медиҳад? Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки тамоми аъзоёни ташкилоти мазкур заифӣ ва нотавонии гурӯҳашонро баръало эҳсос намудаанд. Зеро, агар ташкилоти экстремистии «Гурӯҳи 24» дар ҳақиқат пароканда ва заиф нагардида бошад, садҳо нафар аз аъзоёнаш бозпас ба Ватан бармегарданд?!”

 Гуфта мешавад, ки Собир Валиев дар гузашта ҳамсинфи шаҳрдори Душанбе буда, дониши хубе ҳам доштааст. Қаблан як манбаъ иттилоъ дода буд, ки ӯ дониши хуби иқтисодӣ дорад ва бояд дар паҳлӯи дигар ҳамсинфону ҳамкасбонаш бошад ва дар пешрафти мамлакат саҳмгузор бошад.

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо