Интихоботи вакилон - 2020

 

intikhobot 2020Интихобот дар кишвари соҳибистиқлоли мо озод ва шаффоф мегузарад ва ҳамаи созмонҳои байналмилаливу рӯзноманигорон метавонанд дар раванди он иштирок намоянд.
Дар моддаи 25 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ омадааст, ки: «Ҳар шаҳрванд бидуни ҳаргуна табъиз ва бидуни маҳдудияти беасос бояд ҳуқуқу имконияти зеринро дошта бошад: а) дар идораи корҳои давлатӣ мустақиман ва ё аз тариқи намояндагоне, ки озодона интихоб мешаванд иштирок намояд; б) дар интихоботи воқеан даврӣ, ки дар асоси ҳуқуқи интихоботи умумӣ ва баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ гузаронида мешавад ва изҳори озодонаи иродаи интихобкунандагонро таъмин мекунад, овоз диҳад ва интихоб шавад».
Ин модда дар раванди интихоботи мо ҳамаҷониба риоя шуда, мардум метавонанд озод ба ҳизб ё вакили арзандаи худ овоз диҳанд. Ҳоло ҳар як сокини кишвар боифтихор мегӯяд, ки Тоҷикистони мо ҳамчун узви комилҳукуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои байналмилалиро эътироф намуда, қонунгузории худро оид ба интихобот дар заминаи онҳо такмил додааст.
Интихобот имкон фароҳам меоварад, ки шаҳрвандон дар фазои ободу озод зиндагӣ намуда, офтоби сулҳ доимо дар кишвари соҳибистиқлоли мо нурафшонӣ кунад. Маҳз тавассути интихобот шаҳрвандон имкон пайдо мекунанд, ки намояндагони хешро барои иҷрои ормону иродаи худ ба вазифаҳои масъул интихоб намуда, тавассути онҳо андешаҳои созандаи хешро пешниҳод гардонанд.
Боифтихор бояд зикр кард, ки аввалин маротиба дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 1994, низоми бисёрҳизбӣ эълон карда шуд. Таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ дар кишвар шаҳодати ба сӯйи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва таҳкими давлатдории миллӣ қадамҳои устувор гузоштани Тоҷикистон аст.
Бубинед, имрӯз ҳар ҳизбе метавонад озодона дар кишвари мо фаъолият намуда, номзадҳои арзандаи хешро ба интихобот пешбарӣ кунад. Ба андешаи мо озодӣ ва демоктария аз ин зиёд шуда наметавонад. Миллати сарбаланди тоҷик дар интихоботе, ки санаи 1-уми марти соли ҷорӣ баргузор мегардад, фаъолона ширкат намуда, дар фазои сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ ҳизб ва номзади шоистаи хешро интихоб мекунанд.

 

Саидзода Фаридун
донишҷӯ

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо