Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин шаҳр дода шудааст!

 

poezdka-v-detskiy-dom-rovno-cherez-nedelyu

Дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак 6 боб ва 50 модда омадааст, ки аз тамоми ҷабҳаҳои иҷтимоию сиёсӣ ҳуқуқу манфиатҳои кудаконро ҳифз менамояд.

Инчунин ҳуқуқҳои кӯдак аз муносибатҳои бераҳмона, бе ҳурматӣ, истисмор ва табъиз мутобиқи қонун ҳимоя ва ҳифз карда мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” дар қисми 2-юм моддаи 43-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқи” оварда шудааст, ки ин аз тарафи мақомоти қонунгузории 18 май соли 2017 қабул ва тасдиқ гардидааст.

Дар қонуни мазкур ҳаёти кӯдакон пешбини кардашудааст, яъне ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба истироҳат, ҳуқуқ ба дастгирии иҷтимоӣ, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ҳаёти фарҳангию фароғатӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Дар боби 1-уми муқаррароти умумӣ моддаи 1 омадааст:

-         Кӯдак шахсест, ки ба сини 18 сола нарасиддаст.

-         Кӯдаки маъюб кӯдакест, ки дар натиҷаи нуқсёбии ҷисмонӣ, саломатӣ ва аз кор боз монданӣ организм, аз беморӣ аз ҷароҳат ва иллати ақлонӣ ақиб мондаанд. Чунин кӯдакон ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз доранд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо