Вокуниши Абдуллои Раҳнамо, ба ҳамлаи ДОИШ

 

BD264DCE-B2E3-4ED2-A500-FC559125DD30 mw800_s

Тибқи иттилои манбаъ Абдуллои Раҳнамо мушовири Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон ҳамлаи аъзоёни ДОИШ -ро, ки шаби 6 –уми ноябр рух дод, ҳодисаи кучак намешуморад. Ӯ менависад: “Агар ҳоло ба 20 нафари онон убури марз даст дода бошад, он сӯи марз ҳазорони дигар машқ дидаву саф кашидаанд ва бадтар аз ин, ин нерӯи сиёҳ дар муқобили давлату давлатдории мо аз марказҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ идора ва самт дода мешавад”.

Абдуллои Раҳнамо ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ҳушдор додааст, ки дар хатар қарор дорад ва таъкид намудааст, ки чунин гуруҳакҳо аз марказҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ идора мешаванд.

Зимнан Раҳнамо таъкид мекунад, ки чунин гурӯҳакҳо дар алоҳидагӣ дар баробари нерӯи давлати Тоҷикистон ҳеҷанд, аммо тавону таҷрибаи пуштибонони онон басе бузургтар аз инанд ва худи терроризм як сиёсати калони қудратҳои ҷаҳонӣ ва як барномаи васеи фароминтақавист.

Мушовири Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ин ҳамларо паёми ошкор ва ҷиддӣ барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон меҳисобад ва мегӯяд, “ту, оилаат, падару модарат, хонаат, деҳаат, шаҳрат, ватанат, миллатат, давлатат, озодият, истиқлолиятат, забонат, фарҳангат, тамаддунат дар хатар аст!”.

Зимни паёми худ мушовири Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон аз мардуми кишвар даъват кардааст, ки “дар чунин соати ҳассос ҳамаи мо, новобаста аз синну сол, касбу кор ва мавқеи сиёсию иҷтимоӣ бояд дар атрофи ватан, давлат, ормонҳои миллӣ ва муҳофизони ҷонбаркафи он муттаҳид бошем”.

                                                                                                                                  Набизода Наҷмуддин

                                                                                                                                                     "Андеша"

 

 

Садо