Ё ба зури ё ба зори ё ба зар! Трамп чазираи калонтаринни курраи заминро аз Дания хариданист! Сарвазири Дания; "Сарзамини онҳо фурӯхта нахоҳад шуд!"

 

selina

Гренландия - калонтарин ҷазираи кураи замин аст, ки қисмати бештарашро пирях пӯшонида аст. Аҳолии ин ҷазира ҳамагӣ 56 ҳазор касро ташкил медиҳад. ИМА дар ин ҷазира пойгоҳи низомӣ дорад

         Чанд руз хаст, ки Президенти ИМА Доналд Трамп кайд тарики расонахо қайд менамояд, ки Вашингтон имкониятҳои харидории ҷазираи Гренландияро аз Дания баррасӣ мекунад. Пештар аз ин дар ин бора расонаҳо бо такя ба манобеи худ хабар дода буданд. Трамп хабари мазкурро тасдиқ кард ва ҳамзамон афзуд, ин мавзуъ дар авлавият қарор надорад.

         Вай гуфт, Дания бо идора кардани Гренландия танҳо маблағ аз даст медиҳад ва аз ухдаи идораи он баромада наметавонад ва бехтар мешуморам ки онро ба ИМА фурушад. Трамп аз эҳтимол дур надонист, ки ин мавзуъро бо мақомоти Дания ҳангоми сафари моҳи сентябраш баррасӣ кунад.

         Сарвазири Дания Метте Фредериксен тасмими Трампро дар бораи харидани ҷазира ҳазён номид ва кайд кард, ки сарзамини онҳо фурӯхта нахоҳад шуд . Сарвазир афзуд, тасмим надорад, мавзуи мазкурро бо Трамп баррасӣ кунад.

 

Рауфова Нигора

"Андеша"

Садо