Оқибати ба ду гурӯҳ ҷудошавӣ, ҷанги шаҳрвандӣ аст!

 

otamboevjjjjj

Дастаи махсуси зудамали «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон рӯзи 7-уми август баҳри дастгирнамоии президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев ба хонаи ӯ воқеъ дар деҳаи Кой-Тош рафта, амалиёти махсус гузарониданд. Аммо чун Отамбоев дар давраи сари қудрат буданаш миёни марудми қирғиз маҳбубият касб карда буд, тарафдоронаш ва сокинони деҳаи мазкур ӯро иҳота карда, монеи амалкарди дастаи махсуси зудамали «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шуданд.
Дар гузашта, коршиносони масоили сиёсат ва ҳуқуқ оид ба ғайриқонунӣ будани маҳрумсозии Отамбоев аз дахлнопазирӣ ибрози назар намуда буданд. Ҳатто агар Отамбоев ҷинояткор мебуд, Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин бо ӯ чанде пеш мулоқот намекард. Гузашта аз ин Отамбоев ягона президенти ба таври шаффоф интихобшудаи Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, ки баъди як даври интихобот курсии раисҷумҳурро ба Жеенбеков супорид ва номзадиашро хилофи Конститутсияи кишвараш, ки як давраи роҳбариро пешбинӣ намудааст, пешниҳод нанамуд. Пас гуфтан мумкин аст, ки ӯ бо ин рафтораш миёни мардуми қирғиз маҳбубияти хосро соҳиб гаштааст. Бояд барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ дар ин кишвари ҳамсоя тарафҳо ғаразҳоро як сӯ гузошта, сари мизи музокирот нишинанд ва мушкили ба амал омадаро, ки ба якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Қирғизистон хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад, бо роҳи мусолиҳа ҳал намоянд.
Ҳамсоягони мо қирғизҳо, бояд аз таърихи талхи солҳои навадуми асри гузаштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрат омӯзанд ва нагузоранд, ки қувваҳои сеюму чаҳорум вориди майдон гардида, бо эҷоди дасиса амнияти кишварашонро халалдор созанд. Пас роҳи ҳал на муноқишаву ҷанг буда, балки роҳи асосии ҳали ин мушкил МУЗОКИРОТ аст.
Ҳам президенти пешин ва ҳам президенти феълӣ набояд халқи қирғизро ба гурӯҳ ҷудо кунанд. Оқибати ба ду гурӯҳ ҷудошавӣ, ҷанги шаҳрвандӣ аст ва ин равиш бояд пешгирӣ карда шавад. Зеро дар ҷанги шаҳрвандӣ ягон тараф бурд намекунад, танҳо миллат азият мекашаду иқтисодиёт барои солҳои тӯлонӣ қафо хоҳад монд.
Пас ҳамсоягони азизи мо, биёед ин мушкили худро бо роҳи музокирот ва гуфту шунид, ҳал намоед!

Ғафурзода Шариф
Узви ҷомеаи шаҳрвандӣ

 

 

Садо