ИДИ ҚУРБОН ОМАДУ ДАР МАККА ҲАҶҶИ АКБАР АСТ... (Чанде оид ба тахайюлоти беасоси Паём.нет)

 

 

idi-kurbon

Иди Саиди Қурбон, ҳамасола рӯзи истироҳатӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд. Сомонаи Паём.нет тахайюли бофтаи худро дар либоси ҳақиқат ба мардум пешкаш сохтааст, аммо дар асл ҳамасола мувофиқи тақвими миллӣ, рӯзҳои Иди Саиди Фитр ва Қурбон расман рӯзҳои истироҳатӣ эълон гардидааст. Танҳо дар муассисаҳои тиббӣ, мақомоти корҳои дохилӣ КДАМ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва мисли ин мақомотҳо дар рӯзҳои номбурда навбатдорон меистанд, ки ин тадбир танҳо ба хотири қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти беморон, бехатарӣ аз сӯхтор ва таъмини амнияти шаҳрвандон андешида шудааст. Мувофиқи қоида, агар рӯзҳои ид ба рӯзҳои истироҳатӣ рост оянд, рӯзи душанбе расман рӯзи истироҳатӣ эълон карда мешавад ва ин тадбир амалӣ хоҳад гашт. Дар ин масъала ҷои баҳс ҳам нест ва ин мавзуъро ба мавзуи иғвои навбатӣ табдил додан аз нотавонии наҳзатиён ва бемавзуъ мондани расонаҳои иғвоангезашон гувоҳӣ медиҳад. Ҳамасола кормандони соҳаи буҷавӣ дар қатори дигар кормандони корхонаву муассисаҳои ғайридавлатӣ Иди Саиди Қурбонро ҷашн мегиранд. Аз сиёҳ гуфтани ранги рӯз аз ҷониби наҳзатиён рӯзи шӯълапоши офтобии кишвари азизамон, сиёҳ нахоҳад шуд.

Иди Саиди Қурбон ба кулли мардуми Тоҷикистон ва мусалмонони дунё, муборак бошад!

 

Ғафурзода Шариф

Узви ҷомеаи шаҳрвандӣ

 

 

Садо