Ғарази НАҲЗАТИЁН дар чист!? Чаро на ба пешравӣ хурсанданд на ба камбудӣ!???

 

2332

Бори дигар матлаби пур аз ғаразу рашку ҳасади сомонаи «Паём.нет» нишон дод, ки ҳизби фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гаштаи наҳзати ислом ва роҳбари он Кабирӣ аз ободиву пешравиҳои иқтисоди кишвар рашку ҳасад мебаранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои мусоидеро барои рушди соҳибкорӣ фароҳам овардааст ва барои буридани лентаи иншоотҳои таъиноташон гуногун арзандааст, зеро созандагиву ободкорӣ бояд шоистаи таҳсин бошад на шарму ҳаё. Муаллиф иддао дорад, ки иншоотҳо танҳо бо маблағи соҳибкорони шаҳри Ваҳдат сохта шудааст, аммо табиист, ки шахси ғаразнок дар ҳар ҳодиса дидгоҳи худро дорад. Муаллифон сохта ба истифода дода шудани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30-и шаҳри Ваҳдатро надидаанд, таъмири роҳи деҳаи Меҳрободи ин шаҳрро надидаанд, пас ин ҷо суол ба миён меояд, ки чаро надиданд? Барои он надиданд, ки созандагиву ободкории Ҳукумати кишвар, дар назари наҳзатиён мисли «об ба муқобили оташ ва ё оташ ба муқобили инсон» аст. Парчам, ки яке аз муқаддасоти кишвар ба ҳисоб меравад, эҳтирому арҷгузории он амри табиист, бигзор парчами кишвари азизамон ҳамеша болафшон бошад. Майдони сайру саёҳат атрофи парчам хусусияти тарбиявӣ низ дорад ва дар қалби кӯдакону наврасони ин маҳал ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастиро меафзояд.
Магар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор додани бинои Маркази адлияи шаҳри Ваҳдат, ки дар масоҳати 1785,58 метри мураббаъ бо тарҳи зебою замонавӣ бунёд гардидааст, бадие дорад? Ҳол он ки наҳзатиён бо ин қадар қатлу куштор ва ғорати мардуми оддии кишвар дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, дар замони сулҳ ҳатто лонаи як гунҷишкакеро обод насохтанд. На, ҳаргиз на. Фақат ҷайби худро пур намуданду барои худ кушку қасрҳои боҳашамат сохтанд ва барои худ нақлиётҳои гаронарзиш харидорӣ карданд.
Шахс ҳайратзада мешавад, аз мазмуни чунин навиштаҳо, ки чаро оне, ки барои ободии диёр саҳме нагузоштааст, ободкории дигаронро зери суол бурда, мардумро барои қадр накардани фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ даъват месозад.
Худовандо чашмони нотавонбин ва пурғарази ҳаммилатонеро, ки аз ободии диёр ҷинзада ва ё паривара шудаанд, кӯр гардон! (Омин!)

Ғафурзода Шариф
Узви ҷомеаи шаҳрвандӣ

 

 

Садо