ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ ВАҲДАТ –НУРУ ЗИЁ ОВАРД

 

1111

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба истифода додани иншоотҳои таъиноташон гуногуни шаҳри Ваҳдат ба ҷониби деҳаи Покрӯд раҳсипор шуданд ва бо ин сафар аз кони тиллои Покрӯд боздид намуданд.
Зеро новобаста аз фоизи саҳмияҳо, ин корхонаи истихроҷи тиллои шаҳри Ваҳдат, ҳазорон нафар аз мардуми маҳаллиро соҳиби ҷои кори доимӣ намуда, бо маоши хуб таъмин сохтааст. Бар замми ин, корхона ба буҷаи давлат маблағи барқ, андоз ва ғайра месупорад, ки барои ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар муфид аст. Магар ин ҳама манфиатҳо бар зарари мардуми маҳаллӣ аст?
Эрод гирифтану бад гуфтан кори саҳлу осон аст, аммо муаллифон дар умри худ кори арзишмандеро анҷом дода натавониста, фақат ба паст задани дастовардҳо пардохтаанд. Гӯё аз амалҳо кишвар обод хоҳад шуд.
Гузашта аз ин муаллифон оид ба ким кадом осоишгоҳ сухан меронанд, аммо чун Ватани азизу маҳбубамон, ки боду ҳавои афсонавӣ дорад, ҳар як гӯшаи он, барои сокинонаш ҳамсони осоишгоҳ аст. Ҳам барои сокинони кишвар ва ҳам барои сарвари он ҳар як гӯшаи Ватан мисли осоишгоҳ аст, яъне хонаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мисли осоишгоҳ аст. Дилхоҳ деҳаи навоҳии дурдасти диёр боду ҳавои афсонавӣ дорад ва барои ҳамин махсусан барои истироҳат ба дараи Ромит сафар кардани роҳбарияти олии мамлакатро ниёз ҳам нест.

Ғафурзода Шариф
Узви ҷомеаи шаҳрвандӣ

 

 

Садо