ТААССУБУ ИФРОТГАРОӢ ВА ЭКСТРЕМИЗМИ ДИНӢ

 

unnamedРаванди ҷаҳонишавӣ бо суръати ниҳоят баланд вусъат ёфта, аз тарафи рӯзноманигорон, иқтисоддонон, сиёсатмадорон ва муҳофизони ҳуқуқ пайваста мавриди омӯзиш қарор дода мешавад. Ин раванд паёмадҳои гуногунро дар пай дошта, боиси бардошта шудани сарҳадҳо ва аз ҷониби фарҳангҳои бузург маҳв шудани тамаддунҳои заиф мегардад. Фосила миёни миллатҳо наздиктар мешавад ва акнун масофаҳои калонро ба зудӣ убур карда, мубодилаи иттилоотро ба роҳ мондан мумкин аст, ки он дар қатори ҷиҳатҳои мусбӣ оқибатҳои манфиро низ пайгир мебошад.

Инсоният имрӯз дар рӯ ба рӯи як қатор муаммоҳои ҷаҳонӣ қарор мегирад, ки ҳалли онҳо ҳамкории ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро тақозо менамояд, ки онҳоро чунин гурӯҳбандӣ намудан мумкин аст: сиёсӣ-ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, демографӣ-табиӣ, фарҳангӣ ва ғайра. Яке аз муаммои муҳимтарине, ки аҳолии курраи хокиро ба ташвиш овардааст, болоравии таассуби эътиқодӣ, экстремизм, терроризм, инчунин ҷинояткориҳои трансмиллӣ мебошад.

Оид ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз минбарҳои гуногун оид ба хавф ва оқибатҳои манфии ин падидаҳои номатлуб борҳо изҳори назар намудаанд. Махсусан дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат қайд намуданд, ки: “Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд”.

Дар бисёр гӯшаву канори олам миллионҳо одамон, ҳатто бе истифодаи яроқи қатли ом, ба низоъҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ кашида мешаванд, ки оқибатҳои басо ногуворро дар пай дошта метавонанд. Сомалӣ, Судон, Сурия, Ироқу Афғонистон фақат баъзе аз мисоли ин гуна кишварҳо буда метавонанд. Пеш аз таҳлилу баррасии масъалаи мазкур ба таваҷҷӯҳи хонанда манзур намудани мафҳум ва шарҳи истилоҳоти экстремизм ва терроризмро амали зарурӣ меҳисобем.

Терроризм иҷрои амалҳоест, ки бо мақсади ҷисман нобуд сохтани ҳарифи сиёсӣ, ба амал овардани хавфу хатар барои одамони бегуноҳ ва ё бевосита нобуд сохтани онҳо, халалдор сохтани амнияти ҷамъият, таъсиррасонӣ ба қабули қарордод аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва бо мақсади ба амал овардани вазъияти биму ҳарос ва тарсонидани аҳолӣ истифода мешавад.

Экстремизм (ифротгароӣ) ба сурати умум, чун ҷонибдории ақидаҳо ва амалҳои қатъие тавсиф мешавад, ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷударо комилан рад мекунад.

Экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Вобаста ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, экстремизмҳои сиёсӣ ва диниро ҷудо кардан мумкин аст.

Экстремизми сиёсӣ – зуҳуроти қатъии ғояҳо, идеологияҳо ё сиёсат дар миқёси ҷомеа ва ҳокимияти давлатӣ аст, ки усули муваффақшавӣ ба онҳо дар шароитҳо ва вазъиятҳои муайян амалиёти зӯроварона ва терроризм мебошад. Ба ин тариқ, терроризм як шакли экстремизм аст, ки дар он муваффақшавӣ ба ақидаҳои оштинопазир бо усулҳои қатъии ғайридемократӣ ва зӯроварона ба амал меояд ва аз ин рӯ, он махсусан хавфнок аст.

Экстремизми динӣ – фаъолияти аз нигоҳи динӣ далеловарӣ ва ниқобпӯшонаест, ки ба зӯран дигаргун сохтани сохти давлатӣ ё ғасби зӯроваронаи ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлат ва ба ин мақсадҳо барангехтани душманию бадбинӣ нигаронида шудааст. Дар айни замон ин истилоҳ аҳамияти боз ҳам васеътар касб кардааст: зери мафҳуми экстремизми динӣ, муқаррароти устувори динӣ ё яке аз навъҳои шуури муосири динӣ фаҳмида мешавад.

Экстремизми динӣ комилан эътироф нагардидани баҳамбинии дунявию динии хоси замони ҳозира ва кӯшиши шарҳу тафсирбахшии дин танҳо дар истилоҳоти ҳокимият бар одам чӣ аз нигоҳи маънавӣ ва чӣ аз нигоҳи сиёсӣ мебошад. Экстремизми динӣ ба монанди экстремизми миллӣ –этникӣ гуногуннавъии экстремизми сиёсӣ аст.

 

Сафоев А.К. - декани факултети соҳибкорӣ

ва иқтисодиёти ҷаҳон

Гадоев Ҳ.С. ва Хуҷамов А.К.

Омӯзгорони кафедраи менеҷмент ва маркетинги ДССХ

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо