АЪЗОЁНИ ТТЭ ҲНИ ШОХАИ СОЗМОНҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ҲАСТАНДУ БАР НАСЛИ БАШАР ДУШМАНӢ МЕВАРЗАНД

 

unnamedДурӯғ, рӯсиёҳӣ, дурӯягӣ, кина ва боз чандин сифатҳои пасти инсониро метавон ёдрас шуд, ки симои инсонро, дилу нияти инсонро, воқеияти инсонро бароямон ошкор менамоянд. Инсоне, ки дорои ин хислатҳои зишт аст, аз ягон роҳи бад намегардад ва ҳар куҷо лозим шуд садҳо дурӯғи дигар мегӯяд, садҳо афсонаи дигар мехонад. Аммо насли ҷавон бояд ҳаминро донад, ки дурӯғгӯ ва пастфитрату дурӯя ҳаргиз рост намегӯяд ва ҳаргиз ҳақиқат намегӯяд. Дур намеравем ва як назаре ба рафтор ва гуфтори роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ меандозем, ки чӣ тавр бо дурӯягиву фиребгарӣ дасисабозӣ дурӯғҳои худро дар роҳи гумроҳ кардан мардуми мо сӯйистифода менамояд. Гоҳ худро мусалмону гоҳ донандаи шариат нишондода, гоҳ аз ҳаққи мардум мегуфт, аммо маълум шуд, ки ин ҳама ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа асту бештар барои манфиати худаш ин гуна воҳима мекардаасту дар асл бошад, як қаллоб мебошад.

Прокуратураи генералии ҶТ соли 2015 нисбати ин хоини бешараф парванда боз кардааст, ки тибқи Изҳороти Прокуратураи генералии ҶТ дар робита ба қазияи он омадааст, ки Муҳиддин Кабирӣ ҳамон домуллои наҳзатӣ ва хоини ватанфурӯш бо овардани ҳадису ояҳо аз дин ба боварии шаҳрвандони кишвар даромада дар қаламрави кишвар як қатор амалҳои терористию ифротгароиро накшакашӣ намудааст. Албатта, мисли одатҳои ҳамешагии наҳзатиён бо макру ҳилла ва найранги наҳзатӣ.  Вале чизи дигаре, ки моро дар тааҷҷуб гузошт, ин дурӯягиву дурӯғгӯйии Муҳиддин Кабирӣ буд, ки пас аз нашри изҳорот зуд навор  омода намуда, аз найрангҳои наҳзатӣ истифода карда, бар муқобили ҳукумат баромад кард, ки ин хеле хандаовар менамуд. Чунки аллакай гунаҳкор  ошкор шуда буду, маълум буд, ки Муҳиддин Кабирӣ шаҳрвандони кишварро фиреб додааст аммо  боз нашармида то ҳол бардурӯғ навор сабт карда, пастфитративу бевиҷдонияшро нишон медиҳад.

Наход Муҳиддин Кабирӣ, хоин ва террористи ватанфурӯшро виҷдонаш азоб надиҳад?

Ё то ба ин ҳад  наҳзатиён пӯстғафсу дурӯяву ҳаромхӯр мебошанд, ки ҳатто барои пул шуда мардуму давлати худро барои хориҷиёни манфиъатҷӯй мефурӯшанд?

Ё ин ки Муҳиддин Кабирӣ ҳамон наҳзатии пастфитрат ва палид, ки дар интернет аз дину шариат ва ҳарому ҳалол сухан мекунад, намедонад, ки ҳаққи мардум хӯрдан, аҳд шикастан амали нодурусту номардона аст?

Магар ҳамин дурӯягиву қаллоби худ бар хилофи гуфтаҳои дин нест?

Акнун ошкор мешавад, ки ҳам Муҳиддин Кабирӣ хоин ва ҳам дигар наҳзатиёни бешуур дину шариатро барои худ бозича кардаанду бо истифода аз дин мардумро фиреб медиҳанду бозори нафси бади худро гарм кард, ки ин амал ҳам душманӣ бар дину шариат аст ва ҳам хиёнат бар мардуми мусалмон!

Ҳамин гуна амалҳои зишту ғайриинсонӣ ва ҳамин гуна аз дин ба манфиати шахсии худ истифода кардани наҳзатиён низ гувоҳ аз он аст, ки дар ҳақиқат аъзоёни ТТЭ ҲНИ шохаи созмонҳои террористӣ ҳастанду бар насли башар душманӣ меварзанд.

 

Устоди Донишкадаи Исломии Тоҷикистон ба номи Имом Абуҳанифа Саидзода Ҳадятулло



Садо

Навор

Ҳама наворҳо