Адаб аз ки бояд омӯхт!

 

depositphotos 70611687-stock-illustration-dove-symbol-of-peace-vectorҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони таъсисаш, ки сулҳро пешаи худ қарор дода буд, ин боиси чандин пайёмадҳои хуб ва ғамхориҳо нисбати мардум гардида истодааст, бо вуҷуди он кам нестанд нафароне, ки бо ин шарафи ноилгардидаи ин миллати куҳанбунёд суханон ва кирдорҳои носазо анҷом медиҳанд, аз ҷумла онҳо Муҳаммадиқболи С., ки қаблан яке аз ҷиноятпешаҳои замони нооромӣ буд, ва мехоҳад бори дигар ин мардумро ба гумроҳӣ сарнагун созад, ниҳоятан аз тарафи абармардони ин ватан асрори даврони дар кишвари Афғонистон сипари кардааш ифшо гардид, ки ин боиси паст гардидани шарафу номуси Муҳаммадиқболи С. гардидааст.

Дар даҳаи навадум бо сабабҳои номаълум бар сари миллати азизи мо нооромие омада буд, ки ин неъмати бузург тинҷию оромӣ эҳсос карда намешуд. Миллат дар гирдоби ҳалокат печида, қариб аз байн рафта, ҳудуди худро аз даст медод. Хавфи аз байн рафтани миллат ва аз даст додани ин сарзамини биҳиштосо ҳамарӯза бештар мешуд, ки ҳамаи инҳо аз дасти гуруҳҳои бо ном ислоҳотхоҳ амалӣ мегардид.

Ҳазорон нафар ятим, даҳҳо ҳазор ба ҳалокат ва садҳо ҳазор гуреза шуданд. Дар ҳақиқат ин саҳифаи таърихи миллати мо, ки дубора эҳё гардид фаромушнашаванда мебошад.

Санаи 27-уми июни соли 1997 ба таърих ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин иди фархунда таҷасумгари сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст. Дар таърихи мазкур бо ташаббуси Пешвои Миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар сарзамини ин мамлакат неъмати сулҳу Ваҳдат дар диёри зебоманзари мо танинандоз шуд.

Ба ақидаи Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳаркасе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад. Дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ, намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест, аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ру меорад.

Зеро дар кишвар сулҳу амонӣ ва дустӣ хукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Омӯзгори кафедраи «Забон ва адабиёти араб» -и Донишкадаи Исломии Тоҷикистон ба номи Имом Абуҳанифа

Каримов Д.

Садо

Навор

Ҳама наворҳо