ХОИНОНИ МИЛЛАТ БО СОХТАКОРӢ МЕХОҲАНД ХОЛИ СИЁСӢ БА ДАСТ ОРАНД. ТАҲҚИҚОТЕ БА МАҚОЛАИ СОМОНАИ ЭКСТРЕМИСТИИ “ПАЁМ”

 

 Бо мақсади муайян намудани хати сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудуди деҳаи Ворухи шаҳри Исфара аз санаи 15 то 18 марти соли ҷорӣ ҳайатҳои ду давлат музокирот доранд. Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси КДАМ Саймумин Ятимов ва тарафи Қирғизистонро бошад Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев сарварӣ мекунанд. Тавре, ки маълум аст масъалаи зикршуда мушкилоти нав набуда, солиёни зиёд мешавад, ки намояндагони мақомотҳои масъули ин ду давлати ҳамсоя барои рафъи он кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд. Аз нишасти охирин ба таври расмӣ то ҳол дар ҳеҷ як расонаи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба таври расмӣ иттиллое нашр нашудааст. Бо вуҷуди он баъзе қувваҳои ифротию тафритӣ, ки замирашонро кину адоват, иғвою тахрибкорӣ фаро гирифтаасту сулҳу дӯстӣ, рушду нумуи моро дида наметавонанд бо ҳар шеваю усул кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳайати Тоҷикистонро дар чунин нишастҳо нотавону бечора арзёбӣ намоянд. Барои мисол раванди ҳамин вохӯрии охирро аз пеши худ дидаю дониста дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври дигар ва ба манфиатҳои худ мувофиқ шарҳу эзоҳ додаанд. Ба ҳамин монанд шабакаи экстремистии «Паём» бо мақсади манфур нишон додани тарафи Тоҷикистон навори мусоҳибаи ду сол қабл анҷом додаи раиси КДАМ Қирғизистон Қ. Тошиевро доир ба масъалаи сарҳад нашр кардааст, ки дар он Тошиев ҳамчун як нафар шахси ҳарбӣ андешаҳои бепояву ғайриилмии хешро баён медорад. Ӯ дар дар ким кадом мусоҳибааш аз рӯйи эҳсосоти хеш гуфтааст, ки гӯё дар Тоҷикистони имрӯза ноҳияи Лахш ва Мурғоб аксаран замини қирғизҳо бошад. Дар ҳамон навори чанд сол пешина Қ. Тошиев боз гуфта будааст, ки гӯё дар замони Шӯравӣ Тоҷикистон аз ҳисоби заминҳои қирғизу ӯзбек ташкил шуда бошад. Ҳамин наворро бадхоҳони миллати тоҷик ва душманони Тоҷикистон дар сомонаҳои экстремистии худ тавре шарҳ медиҳанд, ки гӯё хулосаҳои Тошиев дар натиҷаи ин нишаст бошад. Бо ин иддао ин оқшудагони Ватан талош доранд, ки кори ҳайати Тоҷикистонро ба сифр баробар нишон диҳанд. Гӯё тарафи Тоҷикистон дар назди ҳайати Қирғизистон чизеро исбот карда натавониста дар ин муносибати дипломатӣ шикаст хӯрдаанд. Аҷиб маккорие?! Ба воситаи навори куҳна мехоҳанд ба осиёби худ об резанд ва таваҷҷӯҳи мардумро ба худ ҷалб сохта эътиқодашонро нисбат ба ҳукумату давлати худ коста гардонанд. Азбаски тинату сиришти ин афрод бо обу хоки зулмонӣ сиришта шудааст ҳеҷ наметавонанд ободию осудагии мардумро бубинанд. Аз ин лиҳоз талош мекунанд, ки бо ҳар роҳе набошад мақому манзалати Тоҷикистонро ҳам дар дохил ва ҳам дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ паст зананд.

Ҷониби Тоҷикистон таи ин солҳои баҳсҳои марзӣ, бо Қирғизистон доим аз фарҳанги баланди ҳамсоягӣ кор гирифта кӯшиш намудааст, ки беҳтарин муносибатҳои дӯстию ҳамсоягӣ вайрон нашавад. Аммо қувваҳои нотавонбину кӯрдил ҳама вақт кӯшиш мекунанд, ки чунин рафти корро нодуруст арзёбӣ намуда, дар афкори ҷомеа тухми нобоварию парокандагиро бикоранд.

Ин мавқеъгирӣ ва иғвоангезии наҳзатиёни касиф бори дигар нишон медиҳад, ки онҳо ҳеҷ гоҳ дар фикри миллат ва манфиати давлат нестанд ва он хоинони фирорӣ доим барои холи сиёсӣ гирифтан аз номардию дасисакорӣ ва сохтакорию дуруғафканӣ кор мегиранд.

Ғафурзода Шариф

Узви ҷомеаи шаҳрвандӣ

99e512857fc0d2253096d39c812f4ac6

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо