РОҲНАМОИ ҶАВОНОН АСТ ПАЁМ

 

1512748293 poslaniya-rahmona-parlamentuМардуми мо дар тӯли таърихи начандон тӯлонии даврони соҳибистиқлолӣ аз уҳдаи иҷрои бисёр корҳои ҷиддиву сарнавиштсоз бо сарбаландӣ баромаданд. Паёми Пешвои миллат таконбахши тарбияи солими насли наврас, ҳамчун ояндаи миллати тоҷик, мебошад. Аз ҷумла ҳидоятҳои он барои мутолиаи китоб ва озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст”, ки ба ҳама қишрҳои ҷомеа равона гардида буд, боиси баланд бардоштани маърифати инсонӣ ва маънавияти рӯҳонии ҳар фарди тоҷикистонӣ гардид. Ҳавасмандгардонӣ дар “Фурӯғи субҳи доноӣ” барои муассисаҳои таълимии томактабӣ, мактабӣ ва калонсолон, нашри китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров қадами устуворест дар ташаккули зеҳнии аҳли ҷомеа. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва тандурустиро самтҳои афзалиятнок дониста, омили муҳимтарини таҳкими давлатдории тоҷикон ва наҷоти миллат номидаанд. Бо мурури вақт ҳама душворию азиятҳо паси сар гаштанду давлат орому миллат дилшод гардид. Бо паси сар кардани монеаву душвориҳои зиёд, мулоҳизакор будани миллат, имрӯз Тоҷикистонро тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мешиносанд ва чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати баруманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Аксари кишварҳои дунё бо Тоҷикистон робитаи дустию тиҷоратӣ пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузурги Истиқлолият аст. Соҳибистиқлолии Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард ва дари диёри зебову меҳмондӯсти моро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Имрӯз Тоҷикистон соҳибихтиёр аст ва ин самараи неки истиқлолият аст.    

Дар солҳои вазнини ибтидои истиқлолият тамоми фикру андешаи Пешвои миллат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар ба ҳалли масъалаҳои маориф, тандурустӣ ва дастгирии ин соҳаҳои барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим банд буд. Маҳз натиҷаи ин дастгирию ғамхориҳои Президенти мамлакат ба соҳаи маориф ва тандурустӣ буд, ки имрӯзҳо сатҳи саводнокӣ миёни аҳолии калонсол рушд кардаву ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст. Сарваре, ки ба солимии ҷомеа ва тарбияи насли наврас аҳамияти ҷиддӣ медиҳад, ояндаи дурахшони давлати хешро таъмин менамояд ва заминаи устувори фарҳангӣ барои ташаккули насли наврас фароҳам меоварад.

Сарвари давлат пайваста аз он қаноатмандӣ менамоянд, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор мегузоранд. Бинобар ин зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ намоянд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон кишвари азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.

Роҳбарияти МДТ “Донишгоҳи давлати тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” барои дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти кишвар барои аз байн бурдани ҳолатҳои номатлуб ва баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар донишгоҳ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст. Олимону донишмандони МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” низ дар шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, ба шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, таваҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Дар ин замина, вазифаҳои аввалиндараҷа пурзӯр намудани пойгоҳи модиву техникӣ ва технологӣ, интегратсияи фаъолияти таълимӣ, илмӣ-инноватсионӣ, кори табобатӣ ва нуфузу эътирофи байналмилалӣ пайдо намудани донишгоҳ ва кормандони он дониста мешавад.

Мо худ шоҳид ҳастем, ки дар самаранокии фаъолияти донишгоҳи тиббӣ таъмини фазои мусоиди корӣ ва дигар ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии донишгоҳ назаррас аст. Барномаҳои таълимӣ аз рӯи талаботи бозори меҳнат ва меъёрҳои байналмилалӣ аз нав коркард шуда, системаи муосири таълимӣ тибқи ҷараёни Балонӣ ворид карда  шуд. 

Ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат мо омӯзгоронро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ ва ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардорем. Ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, ватандӯстӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоем. Баҳри тақвият бахшидан ба қобилияти эҷодии онҳо ва таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданашон ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ талош варзем.

Дар робита ба ин, ҷавонони моро мебояд бештар аз ҳама фаъол бошанд. Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва шароити мусоид фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат, илмҳои муосир ва забонҳои хориҷиро аз бар намуда, дастуру ҳидоятҳои дар Паёми Президенти мамлакат ироашударо сармашқи кори худ қарор диҳанд. Ҳамчун насли бомаърифат ва ояндасози миллат ватандӯст, инсонпарвар ва ифтихори ватандорӣ дошта бошанд. На танҳо худ аз амалҳои ифротию тахрибкорӣ ва хиёнат ба миллату Ватан канораҷӯӣ намоянд, балки ба дигарон низ оқибатҳои ҳалокатбори ин амалҳои номатлубро тавзеҳ дода, худшиносиву ватандӯстиро дар вуҷуди онҳо бедор созанд. Дар роҳи ободии Ватани азизамон дастгиру тарғибгари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд!

                       

 

Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М. –шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо