БА ХОИНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ИМКОНИ ДАҲОН КУШОДАН НАДИҲЕМ! Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат

50876244878 376b12852d

#БОЗНАШР аз АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 январи имсол дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба мардуми кишвар, махсусан ба ҷавонон ҳушдор доданд, ки “хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғарзноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд”.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунбарори мамлакат- Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин масъалаҳои давлатдорӣ, ҳам дар қисмати ҳаёти дохилӣ ва ҳам дар муносибатҳои манфиатбори тарафайн бо мамлакатҳои мухталифи ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин матлабро  сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор ЮСУФОВ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур мешаванд.

-Новобаста аз вазъияти кунунии буҳронӣ, ки ба иқтисоди тамоми кишварҳои ҷаҳон таъсири манфии худро расонд, дар Паёми Сарвари давлат таъкид шуд, ки Тоҷикистон соли гузашта низ дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим ба дастовардҳои чашмрас ноил гардидааст.

Аммо:

Чашми ҳақбин ба ҷуз аз ҳақ натавонад дидан,

Ботил андар назари мардуми ботилбин аст. 

Хоинони миллат бо дастури хоҷагони хориҷияшон ҳанӯз ҳам даст аз аъмоли бади хеш набардоштаанд. Чӣ тавре ки Сарвари давлат таъкид карданд, ҳанӯз аз рӯи ҳамон нақшаҳои нопоке, ки дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта доштанд, амал карда, мехоҳанд тухми нифоқу тафриқа парокананд. Аз ин рӯ, ҳар кадоми мо, хосса ҷавонон, бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошем.

Хоинони миллат – аъзо ва ҷонибдорони ТЭТ ҲНИ шабакаҳои иҷтимоиро шаҳри бедарвоза ёфта, маҳз ин ҷоро “ҷавлонгаҳ”-и хеш  қарор додаанд. Бехабар аз он ки “як бор ҷастӣ, малахак, ду бор ҷастӣ, малахак, охир ба дастӣ, малахак…”

Мояи хурсандист, ки дигар ҳатто дар ҳамон шабакаҳои иҷтимоӣ низ тинату аҳдофи нопоки ин каждумҳои зери бӯрё ошкор шуда истодааст ва аксари корбарон ба онҳо лаънат мефиристонанд.

Маслалан, ба хотир биёварем, дар оғози паҳншавии бемории ҳамагири COVID -19 ин луъбатакони хоҷагони хориҷӣ аз ғаму нигаронии мардум барои худ байрақ сохта, аз ин вазъияти ҳассос ҷиҳати иғвопарокании хеш истифода бурданӣ шуда, чӣ қадар дар шабакаҳои иҷтимоӣ “фаъол” гардида буданд. Онҳо дидаву дониста, дар дили мардум тарсу ваҳм мекоштанд, онҳоро аз оянда ноумед карданӣ шуда, дар ҳаққи Ҳукумату низоми тандурустии мо ҳар гуна туҳмату буҳтон ва сияҳномаҳо паҳн мекарданд. Аммо оқибат чӣ шуд? Шукрона, ки бо ибтикороти Пешвои муаззами миллат, талошҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва заҳматҳои шабонарӯзии кормандони тиббӣ мо аз ин имтиҳон низ бо сари баланд гузаштем. Чӣ монд? Рӯи сиёҳи сиёҳкорон!

Саломативу осудагӣ хостан ба дигарон шиори ислом аст, пас чӣ гуна метавон ин аблаҳонро мусулмон номид? Вақте аз Расули Худо (с.) пурсиданд, ки кадоме аз амалҳо дар назди Худованд мақбултар аст, фармуданд: “Таъом додан ба дигарон ва салом додан ба касон, хоҳ мешиносӣ ва хоҳ не” (Сунани Абӯдовуд, китоби “Адаб”, ҳадиси 142).

Аз даҳони ин луъбатакон ба ҷуз аз таҳқиру ҳақорату дашном дигар чӣ бармеояд? Таваҷҷуҳ кунед, ягон нафари онҳо, чӣ расад ба дигар донишҳо, ҳатто забони тоҷикиро хуб намедонад. Суханронии онҳоро гӯш карда, хандаи кас меояд, ки инҳо дар умрашон як китоб хондаанд ё не?

Аммо онҳо кӯри модарзоданд, чизе барояшон сабақ намешавад ва то ба ҳол аз хориҷи кишвар  бо тамоми роҳу восита кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.

Аҷибтар аз ҳама, онҳо худашон кайҳо пай бурдаанд, ки дигар мардуми тоҷикро бо ин роҳ фиреб дода наметавонанд, дасисабозиҳое, ки солҳои навадум анҷом доданд, ҳанӯз фаромӯш нашудаанд, дар ин баробар, хидматҳову ҷонфидоиҳои беназири Пешвои муаззами миллат ҷиҳати аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун овардани Тоҷикистон, истиқрори сулҳ, таъмини якпорчагӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани кишвар ва заминаи мусоид фароҳам овардан ба рушди кулли бахшҳои ҳаётан муҳим низ ҳамешагӣ дар хотираи халқ боқист. Вале хоинони миллат ҳанӯз ҳам аз аҳдофи нопоки худ даст кашиданӣ нестанд. Медонед, барои чӣ? Инҷо танҳо як гап, ин ҷо танҳо як сир аст. Онҳо ба сари худ соҳибихтиёр нестанд. Агарчи медонанд, ки ягон тарафдор надоранд, аммо шарм намедоранд ва ҳарзапароканияшонро идома медиҳанд, чун номусу ихтиёрашонро ба хоҷагони хориҷӣ ба ивази миқдоре пули ҳаром фурӯхтаанд. Лаҷомашон дар дасти хоҷагонашон аст.

Чӣ тавре ки Пешвои миллат таъкид карданд, соли 2021 барои мардуми сарбаланди тоҷик  соли махсус, яъне соли таҷлил аз ҷашни бузурги сисолагии Истиқлоли давлатӣ мебошад ва ин ҷашни муқаддаси миллӣ пешорӯи мо масъулиятҳои бузург мегузорад. Аз ҳама муҳимаш, ҳифзи амнияти миллӣ.

Имсол мо бояд беш аз ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем. На танҳо ба доми он худбохтагон наафтем, балки дигар бояд ба онҳо маҷоли даҳон кушодан надиҳем. Бояд ҳар қадоми мо мавқеи шаҳрвандии хешро дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ равшан намоем, барои нигаҳдошти истиқлол ва ваҳдати миллӣ худро масъул донем. Зеро, тавре Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фармудааст:

Воситон аз дасти девона силоҳ,

То зи ту розӣ шавад адлу салоҳ.

Чун силоҳаш ҳасту ақлаш на, бибанд

Дасти ӯро, в-ар на орад сад газанд.

 

БА ХОИНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ИМКОНИ ДАҲОН КУШОДАН НАДИҲЕМ! Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат

Январь 28, 2021 17:34

ДУШАНБЕ, 28.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 январи имсол дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба мардуми кишвар, махсусан ба ҷавонон ҳушдор додандки “хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғарзноки худки ибтидои солҳои 90-ум доштанддаст накашидаанд.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунбарори мамлакат- Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин масъалаҳои давлатдорӣ, ҳам дар қисмати ҳаёти дохилӣ ва ҳам дар муносибатҳои манфиатбори тарафайн бо мамлакатҳои мухталифи ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин матлабро  сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор ЮСУФОВ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур мешаванд.

-Новобаста аз вазъияти кунунии буҳронӣ, ки ба иқтисоди тамоми кишварҳои ҷаҳон таъсири манфии худро расонд, дар Паёми Сарвари давлат таъкид шуд, ки Тоҷикистон соли гузашта низ дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим ба дастовардҳои чашмрас ноил гардидааст.

Аммо:

Чашми ҳақбин ба ҷуз аз ҳақ натавонад дидан,
Ботил андар назари мардуми ботилбин аст. 

Хоинони миллат бо дастури хоҷагони хориҷияшон ҳанӯз ҳам даст аз аъмоли бади хеш набардоштаанд. Чӣ тавре ки Сарвари давлат таъкид карданд, ҳанӯз аз рӯи ҳамон нақшаҳои нопоке, ки дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта доштанд, амал карда, мехоҳанд тухми нифоқу тафриқа парокананд. Аз ин рӯ, ҳар кадоми мо, хосса ҷавонон, бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошем.

Хоинони миллат – аъзо ва ҷонибдорони ТЭТ ҲНИ шабакаҳои иҷтимоиро шаҳри бедарвоза ёфта, маҳз ин ҷоро “ҷавлонгаҳ”-и хеш  қарор додаанд. Бехабар аз он ки “як бор ҷастӣ, малахак, ду бор ҷастӣ, малахак, охир ба дастӣ, малахак…”

Мояи хурсандист, ки дигар ҳатто дар ҳамон шабакаҳои иҷтимоӣ низ тинату аҳдофи нопоки ин каждумҳои зери бӯрё ошкор шуда истодааст ва аксари корбарон ба онҳо лаънат мефиристонанд.

Маслалан, ба хотир биёварем, дар оғози паҳншавии бемории ҳамагири COVID -19 ин луъбатакони хоҷагони хориҷӣ аз ғаму нигаронии мардум барои худ байрақ сохта, аз ин вазъияти ҳассос ҷиҳати иғвопарокании хеш истифода бурданӣ шуда, чӣ қадар дар шабакаҳои иҷтимоӣ “фаъол” гардида буданд. Онҳо дидаву дониста, дар дили мардум тарсу ваҳм мекоштанд, онҳоро аз оянда ноумед карданӣ шуда, дар ҳаққи Ҳукумату низоми тандурустии мо ҳар гуна туҳмату буҳтон ва сияҳномаҳо паҳн мекарданд. Аммо оқибат чӣ шуд? Шукрона, ки бо ибтикороти Пешвои муаззами миллат, талошҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва заҳматҳои шабонарӯзии кормандони тиббӣ мо аз ин имтиҳон низ бо сари баланд гузаштем. Чӣ монд? Рӯи сиёҳи сиёҳкорон!

Саломативу осудагӣ хостан ба дигарон шиори ислом аст, пас чӣ гуна метавон ин аблаҳонро мусулмон номид? Вақте аз Расули Худо (с.) пурсиданд, ки кадоме аз амалҳо дар назди Худованд мақбултар аст, фармуданд: “Таъом додан ба дигарон ва салом додан ба касон, хоҳ мешиносӣ ва хоҳ не” (Сунани Абӯдовуд, китоби “Адаб”, ҳадиси 142).

Аз даҳони ин луъбатакон ба ҷуз аз таҳқиру ҳақорату дашном дигар чӣ бармеояд? Таваҷҷуҳ кунед, ягон нафари онҳо, чӣ расад ба дигар донишҳо, ҳатто забони тоҷикиро хуб намедонад. Суханронии онҳоро гӯш карда, хандаи кас меояд, ки инҳо дар умрашон як китоб хондаанд ё не?

Аммо онҳо кӯри модарзоданд, чизе барояшон сабақ намешавад ва то ба ҳол аз хориҷи кишвар  бо тамоми роҳу восита кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.

Аҷибтар аз ҳама, онҳо худашон кайҳо пай бурдаанд, ки дигар мардуми тоҷикро бо ин роҳ фиреб дода наметавонанд, дасисабозиҳое, ки солҳои навадум анҷом доданд, ҳанӯз фаромӯш нашудаанд, дар ин баробар, хидматҳову ҷонфидоиҳои беназири Пешвои муаззами миллат ҷиҳати аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун овардани Тоҷикистон, истиқрори сулҳ, таъмини якпорчагӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани кишвар ва заминаи мусоид фароҳам овардан ба рушди кулли бахшҳои ҳаётан муҳим низ ҳамешагӣ дар хотираи халқ боқист. Вале хоинони миллат ҳанӯз ҳам аз аҳдофи нопоки худ даст кашиданӣ нестанд. Медонед, барои чӣ? Инҷо танҳо як гап, ин ҷо танҳо як сир аст. Онҳо ба сари худ соҳибихтиёр нестанд. Агарчи медонанд, ки ягон тарафдор надоранд, аммо шарм намедоранд ва ҳарзапароканияшонро идома медиҳанд, чун номусу ихтиёрашонро ба хоҷагони хориҷӣ ба ивази миқдоре пули ҳаром фурӯхтаанд. Лаҷомашон дар дасти хоҷагонашон аст.

Чӣ тавре ки Пешвои миллат таъкид карданд, соли 2021 барои мардуми сарбаланди тоҷик  соли махсус, яъне соли таҷлил аз ҷашни бузурги сисолагии Истиқлоли давлатӣ мебошад ва ин ҷашни муқаддаси миллӣ пешорӯи мо масъулиятҳои бузург мегузорад. Аз ҳама муҳимаш, ҳифзи амнияти миллӣ.

Имсол мо бояд беш аз ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем. На танҳо ба доми он худбохтагон наафтем, балки дигар бояд ба онҳо маҷоли даҳон кушодан надиҳем. Бояд ҳар қадоми мо мавқеи шаҳрвандии хешро дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ равшан намоем, барои нигаҳдошти истиқлол ва ваҳдати миллӣ худро масъул донем. Зеро, тавре Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фармудааст:

Воситон аз дасти девона силоҳ,
То зи ту розӣ шавад адлу салоҳ.
Чун силоҳаш ҳасту ақлаш на, бибанд
Дасти ӯро, в-ар на орад сад газанд.

Садо

Навор

Ҳама наворҳо