АЗ БАРОИ КОРИ КӮРШАПАРАКХӮРҲО ЧАРО ТОҶИК БОЯД ТАҲҚИРУ ТУҲМАТ ШУНАВАД?!!!!

 


fake newsЛУТФАН, ДАР ҲАҚҚИ ТОҶИКИСТОН ДУРӮҒ НАБОФЕД!!! Ҷавобияи кӯтоҳ ба хабарҳои дурӯғу бадхоҳонаи сомонаҳои хориҷӣ дар ҳаққи халқи тоҷик ва Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон!!!
Ба фикрам дар дунё дигар хабар намондаст чӣ бало, ки сомонаҳои хориҷӣ ба бофтани дурўғҳои душманона дар ҳаққи Тоҷикистони мову Сарвари давлатамон гузаштанд.
Тавба кардам!!!!!
INTERFAX.RU, Gezette.org, Darakchi.uz ва ғайра ба кишвари мо пайдо шудани короновирусро ба маънии "хуб шуд, ки ба шумоён низ ин вирус расид" паҳн карда, беасос Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро гирифтори ин вирус шудааст, гуфтаанд ва дар коментарияҳо баъзе аз мардуми бадсиришти хориҷ ва бадхоҳони миллати мо (дар байнашон шаҳрвандони бадхоҳи худамон низ ҳастанд)дар ҳаққи миллати мо дуоҳои бад кардаанд.
Чӣ дурӯғест!!!!
Чӣ ботини нопокест!!!!!
Сомонаҳои хориҷӣ. Ҳозир вақте нест, ки бояд мо ба ҳоли якдигарамон бихандем.Аз Худо тарсед!Боз дурӯғу фитнаҳоятон ва бадхоҳиятон дар ҳаққи халқи тоҷику Пешвои муаззамаш ба сари худатон балоро наорад!Мо аз сидқ дуогӯятон ҳастему ба шумo бало намехоҳем, лекин балоро худатон кашф мекунеду гирифтораш мешавед."Бани одам аъзои якдигаранд"!Ин шиори орифонаро аз забони Саъдии бузургвор мo барои аҳли ҷаҳон эҳдо кардем, ки дар назди бинои СММ инъикос ёфтааст.Мо барои ҷаҳон фарзонафарзандҳо ҳадя кардаем, ки абёти онҳо ҳаёти тамоми аҳли башарро рӯшан мегардонад.Халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ барои дарди касе нахандидааст ва доиман муждарасони сулҳу дустист!!!Ниятамон неку қалбамон пок аст!!!
Президенти кишвари тоҷикони тоҷдор Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои навад ҳам дида имрӯз даҳчанд барои халқашон месӯзанду ғамхорӣ карда истодаанд ва бо ташаббусҳои бузургашон барои ҳалли муҳимтарин проблемаҳои глобалӣ саҳмгузopaнд!!!!
Хоҳиш!!!Дар ҳаққи эшон дурӯғ набофед!!!
Бидонед ва фаромӯш накунед, ки:
1.Миллати тоҷик, аслиҳаи қатли башар соз накардааст!!!
2.Миллати тоҷик, иғво ангехта давлатеро ба давлате ҷанг наандохтааст!!!
3.Миллати тоҷик, манъкардаи Худоро хӯрда ҷаҳонро олудаи вабо накардааст ва сабаби марги инсонҳои бегуноҳ нашудааст!!!!
4.Миллати тоҷик, аз болои шаҳрҳо бомбаи атомӣ напартофтаасту ҳеҷ ҷойро натаркондааст!!!!
5.Миллати тоҷик, сарҳадашро барои ягон ҳамсояву дӯстонаш набастааст!!!!!
6.Миллати тоҷик, мусалмонро ба мусалмон ҷанг наандохтааст!!!!
7.Миллати тоҷику Пешвои сулҳофаринаш ҳатто барои душманонаш дустона оғӯш кушода, онҳоро рӯи каф шинондааст!!!!
Исботе доред, ки миллати тоҷик барои ҷаҳoн зулму душманӣ карда бошад?!На!!!
Ҳазорҳо таҳриф ба тaърих ворид кардед, вале боз ҷуста-ҷуста ба Саразми куҳан омадед!!!!!!
Хуш омадед, ба Тоҷикистони азизи ман!!!!!Дари мо барои шумо кушода!!!!
Мо фақат толиби дӯстием ва дар ин лаҳзаҳои сангин андарзеро барои тамоми ҷаҳон талқин месозем: "Як мавизро тамоми Замин мехӯрем!"

Зокирӣ Меҳрубон

рӯзноманигор

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо