Сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин аз чӣ маншаъ гирифтааст?

 

1020
Дин ва масъалаҳои марбут ба он, бо дарназардошти ҳаводиси ҷаҳони муосир, ҳамеша таваҷҷуҳбарангез буда, мунтазам дар сархати расонаҳо қарор дорад. Ҳарчанд баъзе аз ташкилотҳои мазҳакаофар бо сафсатапароканӣ дар мавриди озодиҳои динӣ «офтобро бо доман пӯшонидан» мехоҳанд, вале баланд будани сатҳи диндории сокинони кишвар далели бебаҳс аст.
Ин андешаи инфиродии банда набуда, натиҷаи пажӯҳиши нашрияи британии «The Telegraph», ки тибқи он, сатҳи диндории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ баландтарин — 85 фоиз арзёбӣ гардид, мебошад.
Дар ин самт иқдомоти зиёд амалӣ шуданд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил намудани 1310-солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти ин шахсияти бузурги олами ислом эълон шудани соли 2009, баргузории ҳамоиши байналмилалии «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир», таҷлили ҷашну санаҳои таърихии мутафаккирон ва шахсиятҳои бузурги диниву фарҳангӣ, аз ҷумла, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва дигарон шаҳодати гуфтаи болост. Илова бар ин, ҳамчун рӯзҳои иди миллӣ таҷлил гардидани идҳои Рамазон ва Қурбон, пойтахти фарҳанги исломӣ интихоб шудани шаҳри Душанбе, таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, додани мақоми давлатӣ ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва ғайра.
Ин ҷо бамаврид медонем дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, ки идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб шуда, мутаассифона, аксарият дар бораи он намедонанд, маълумот диҳем.
Он соли гузашта бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон дар соҳаи динро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ муайян ва танзим менамояд.
Пайгирии масъала собит намуд, ки усул ва меъёрҳои муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гаштааст, вале дар рафти татбиқи онҳо баъзе монеаҳо вуҷуд доштанд. Ин вазъият, хусусан, ба таъмини фаҳмишу иҷрои якхелаи мафҳум ва меъёрҳои муқарраршуда дахл дошт.
Аз ҷониби дигар, солҳои охир ба фазои динии кишвар ворид гаштани ғояву ақидаҳои ҳизбу ҳаракатҳои исломии барои муҳити динии Тоҷикистон нораво, ки моҳияти сиёсии таблиғотӣ доранд, сабаби дар ҷомеа ривоҷ ёфтани дидгоҳҳои ифротию тундрав гашт. Бегуфтугӯ, густариши фаъолияти ин ҷараёну равияҳои навпайдо, ки арзишҳои аслии мазҳабӣ ва анъанавии мардуми Тоҷикистонро зери шубҳа ва хатар мегузорад, боиси пеш омадани таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва суботу оромиши ҷомеа мегарданд.
Ҷанбаи дигар дар он зоҳир мегардад, ки дар ду даҳсолаи охир фаъолияти таблиғотӣ (миссионерӣ)-и равияҳои гуногуни хориҷии ғайриисломӣ дар фазои динии Тоҷикистон густариш ёфта, қисме аз онҳо аз мушкилоти муваққатии иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мардум суиистифода намуданд. Дар маҷмӯъ, дар пайи тавсеа ёфтани раванди ҷаҳонишавӣ, беш аз пеш серистифода гардидани воситаҳои иттилоотӣ ва доман паҳн кардани мухолифати ғояву ақидаҳои гуногуни динӣ, муҳити динии суннатии кишвар ба дастгирии давлат эҳтиёҷ пайдо карда, аз ин лиҳоз консепсияи зикршуда қабул гардид.
Бегуфтугӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сох¬тори конститутсионии давлатро муайян намуда, ба сифати сарчашмаи асосии низоми ҳуқуқии Тоҷикис¬тон баромад менамояд. Меъёрҳои он барои соҳаҳои кишвар, аз ҷумла, дар соҳаи дин, заминаи асосии ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Моддаҳои 1, 5, 8, 10, 14, 17, 26, 30 ва 100-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ба самти ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин марбутанд, ки меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Дар ин асос, меъёрҳои Конститутсия дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин мавқеи асосиро ишғол менамоянд.
Ба тасвиб расидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ҷорӣ шудани фанни таълимии «Таърихи дин» ва монанди инҳо далели возеҳи таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дин ва арзишҳои динӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии фарҳангу ҳувияти миллӣ мебошанд.
Санади меъёрии ҳуқуқии асосие, ки фаъолияти иттиҳодияҳои диниро дар Тоҷикистон бевосита танзим менамояд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мебошад. Тибқи он, озодии инсон ва шаҳрванд нисбат ба интихоби дин, инчунин ба ҷо овардани маросими динӣ кафолат дода шуда, иттиҳодияҳои динӣ дар доираи низоми дохилии парастишӣ ва ғайрипарастишӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд, фаъолият менамоянд.
Қонуни зикршуда муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои диниро танзим намуда, дахолат накардани давлатро ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба ҷуз аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, таъмин мекунанд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар қонунҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ», «Дар бораи тасдиқи Тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар», «Дар бораи Тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин нақши муҳим доранд.
Набояд нодида гирифт, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин нақши назаррас дош¬та, татбиқи онҳо бо риояи талаботи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Ба ин гуна санадҳо Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгаройӣ ва ғайра дохил мешаванд.
Тамоми шароит фароҳам аст, ки иттиҳодияҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон ба амал бароварда, давлат ва иттиҳодияҳои динӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва хайриявӣ, инчунин дар масъалаҳои таъмини бехатарии ҷамъиятӣ, ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ, таҳкими саломатии аҳолӣ ва пешгирии ифротгаройӣ ҳамкорӣ намоянд. Ҳамкории самарабахши давлат ва иттиҳодияҳои динӣ унсури муҳими таъмини субот ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, эътироф бояд кард, ки саҳми иттиҳодияҳои динӣ дар беҳбудии вазъи иҷтимоии аҳолӣ, бунёдкориву созандагӣ ва тарбияи маънавию ахлоқии аҳли ҷомеа назаррас мебошад.
Муҳим ва мантиқан дуруст аст, ки давлат барои пойдории таҳаммул ва эҳтироми байни шаҳрвандони диндору бедин, байни пайравони иттиҳодияҳои динии дину мазҳаб¬ҳои гуногун мусоидат намуда, ба тавсеа ёфтани таассуб, хурофот ва ифротгаройӣ дар фаъолияти онҳо роҳ намедиҳад.
Ба касе пӯшида нест, ки дар арсаи байналмилалӣ аксар маврид терроризмро ба ислом нисбат медиҳанд. Вобаста ба ин, муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ин консепсия меҳвар аст. Зеро дар шароити кунунӣ муборизаи оштинопазир бо экстремизм ва терроризм аз авлавиятҳои сиёсати дилхоҳ давлат ба шумор рафта, муносибати дуюмдараҷа ба он пайомадҳои ногувор ба бор меорад.
Бо мақсади пурзӯр намудани муқовимат ба экстремизм ва терроризм бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» тасдиқ карда шуд, ки мақсад, вазифа ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм, аз ҷумла, нақши иттиҳодияҳои динӣ дар пешгирии тундгароии динӣ ва экстремизмро муайян менамояд.
Ба касе пӯшида нест, ки муҳити динӣ бар асари омилу воқеиятҳои гуногун аз лиҳози паҳншавии тундгароии динӣ ва экстремизм бештар осебпазир буда, мухолифати назариявии дохилимазҳабӣ, ба қутбҳо ҷудошавии он бар асари ворид шудани ақидаҳои тундгаро ва донишҳои нокифояи динии аҳолӣ заминаи ин раванд маҳсуб мешавад.
Бо дарназардошти вазъияти баамаломада чорабиниҳо вобаста ба пешгирии тундгароии динӣ ва экстремизм аз корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ ва таҳлилу муайян намудани сабабҳои зуҳури ин раванд таркиб ёфта, дар амалӣ намудани онҳо саҳми иттиҳодияҳои динӣ муассир мебошад.
Хеле муҳиму саривақтист, ки давлат муҳтавои иттилооти диниро дар воситаҳои ахбори омма бо мақсади пешгирии паҳншавии ғояҳои экстремистӣ ва бадбинии динию мазҳабӣ, ки ба амнияти давлату миллат таҳдид менамояд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.
Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид карда буданд, ки бетарафӣ худ нишонаи марг аст. Бинобар ин, ходимони диниро зарур аст, ки пайваста ташвиқу тарғиби арзишҳои миллиро дар воситаҳои ахбори омма ва мулоқоту вохӯриҳо ба роҳ монда, ҷиҳати пешгирии даъватҳои оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротӣ, ки аз тариқи сомонаҳои интернетӣ паҳн карда мешаванд, вокуниш намоянд.
Дар навбати худ, фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти пешгирии тундгароии динӣ ва экстремизм бояд беш аз пеш тақвият бахшида шавад.
Муҳимтар аз ҳама, баҳри таҳкими нақши иттиҳодияҳои динӣ дар пешгирии тундгароии динӣ ва экстремизм дар марҳилаи татбиқи консепсия лозим аст, ки бозомӯзӣ ва такмили сатҳи донишу ихтисоси кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин доир ба пешгирии тундгароии динӣ ва экстремизм пайваста ба роҳ монда, механизмҳои ҳуқуқии ҳимояи ташхисгарон вобаста ба ташхиси давлатии диншиносӣ муқаррар гардад.
Хулосаи ниҳоӣ ин аст, ки татбиқи чунин ҳуҷҷати муҳим муносибати дуюмдараҷаро намепазирад ва дар сатҳи хубу сифати баланд татбиқ гардидани он, пеш аз ҳама, дар мадди назар доштани масъалаҳои зикршуда рабт дорад.
Далер Мерганов, таҳлилгар.

Садо

Навор

Ҳама наворҳо