Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ эътимоднома супорид

 

241220-16-28АМИТ «Ховар»/.  23 декабр дар Ҷидда Cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ эътимодномаи худро ба ҳайси Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории исломӣ ба Дабири кулли Созмони мазкур доктор Юсуф Аҳмад АлУсаймин супоридДар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ ва ниҳодҳои зерсохтори он баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тақвияти фаъолияти муштараки бисёрҷониба дар чорчӯби СҲИ авлавият медиҳад.

Инчунин ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами байналмилаӣ ва минтақавӣ, абзорҳои муқовимат бо таҳдиду чолишҳои муосир ва роҳандозии талошҳои муштарак ҷиҳати рафъи паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 табодули назар карданд.

 

                                                                                                      АКС аз ВКХ ҶТ

Садо

Навор

Ҳама наворҳо