Иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум

 

dushanbe parlament-800x445
Имрӯз Иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид ва дар он Раиси нави Маҷлиси миллӣ интихоб гардид.

Дар иҷлосияи мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда, изҳор доштанд: “Аъзои Маҷлиси миллии даъвати нав шахсиятҳои арзанда, соҳиби донишу таҷрибаи кофӣ ва фарҳанги баланди сиёсӣ мебошанд.” Пешвои миллат афзуданд, ки Маҷлиси миллӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат бо истифода аз салоҳияти конститутсионии худ қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагонро баррасӣ ва ҷонибдорӣ карда, дар роҳи рушди низоми ҳуқуқии давлат ва таҳкими қонуният саҳми назаррас мегузорад. «Бовар дорам, ки онҳо бо сафарбар намудани неруи зеҳнӣ ва донишу таҷрибаи худ дар рушди низоми қонунгузорӣ, боз ҳам беҳтар намудани сифати қонунҳо, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давлат ва ҷомеа нақши назаррас мебозанд. Бахусус мехоҳам таъкид намоям, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бояд бо истифода аз ваколати конститутсионии худ ҳамчун субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ ба таҳияи қонунҳо диққати махсус зоҳир намоянд», изҳор доштанд Пешвои миллат.
Сарвари давлат бо дахли мақоми аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат — Маҷлиси миллӣ дар таҳкими волоияти қонун ва парламентаризм зикр карданд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бояд қонунҳоеро таҳия ва пешниҳод намоянд, ки ба таҳкими истиқлолият, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва густариши муносибатҳои бозорӣ, аз ҷумла пешрафти соҳибкорӣ, беҳдошти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, истифодаи самараноку сарфакоронаи замин ва дигар боигариҳои табиӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шуда бошанд. Бо ин мақсад, аъзои Маҷлиси миллӣ бояд бо дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва мақомоти татбиқкунандаи ҳуқуқ, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва мутахассисону коршиносон ҳамкории густурда дошта бошанд. Қонунҳо дар чунин сурат санҷидаву пухта таҳия ва қабул гардида, ба ҷомеа ва давлат манфиати бештар меоранд. Қонунҳо ҳамчунин бояд бо дарназардошти стратегияву барномаҳо ва ҳадафҳои ояндаи рушди давлати миллӣ, пайванди ногусастании он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳкими заминаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия карда шаванд, таъкид карданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Лозим ба зикр аст, иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум дар шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар он Рустами Эмомалӣ Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов муовини аввал ва муовини Раиси Маҷлиси миллӣ интихоб гардиданд.

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо