ТОҶИКОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: АЗ ЗУЛМАТ ТО НУР

 

125364612 151158586728668_3439832632566986335_nДар таърихи тоҷикон яке аз марҳилаҳои хело ҳассосу нозук ва дар айни замон тақдирсоз ин раванди ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри сипаришуда мебошад. Дар ин марҳилаи таърихӣ Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид, ки барои халқи тоҷик беназиртарин ҳодиса ба шумор меравад.
Агар дар он айём ба даст овардани истиқлолият осон ба даст оварда шуда бошад, пас ҳифзу нигоҳдошти он дар солҳои минбаъда мушкилиҳои сангинеро пеш овард. Дар паи талоши бемантиқонаи гурӯҳ ва афроди алоҳида барои ба даст овардани молу мансаб, ҷомеа мубталои ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Хатари парокандашавии миллат ва суқути давлатдории он пеш омад.
Дар чунин айёми даргириҳо дар шаҳри Хӯҷанд Иҷлосияи XVI – и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992) баргузор гардид. Дар ин анҷумани таърихӣ хушбахтона фарзанди барӯманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Пас аз ин маҷрои давлатдории тоҷикон роҳи созандагиро пеш гирифт. Агарчанде дар солҳои минбаъда қувваҳои алоҳида барои шаклгирии давлати миллии тоҷикон монеаҳо эҷод мекарданд, аммо руҳи бузурги ин миллат, ки бо офарандагӣ сиришта шудааст тамоми ин монеаҳоро зери роҳбарии сарвари худ Эмомалӣ Раҳмон убур намуда барои худ саодатро эҷод намуд.
Сарвари давлати навини тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озурдахотирии мардумро дарк карда, ҳанӯз аз рӯзҳои нахустин бо суҳбатҳою мулоқотҳояш бо мардум онҳоро аз дилшикастагию озурдахотирӣ яъне аз торикию зулмот ба нуру созандагӣ ҳидоят менамуд.
Дар яке аз мулоқоти хеш дар ҳамон солҳои мушкил, бо мардум дар ноҳияи Шаҳритус ба ҳайси роҳбари давлат чунин гуфта буданд: «Аз ҳамин ҷо дар хоки Афғонистон шаҳрвандони мо вафот кунанду мардуми бегона онҳоро ба хок супоранд ба нангу номуси мо намерасад. Ҳазорҳо нафар дар он ҷо мурдааст. Ҳазорсолаҳо мегузаранд миллати моро таъна мекунанд. Ҳар як нафаре, ки аз он ҷо гузарад мегӯяд, ки ин гӯристонҳои мардуми тоҷик аст… То тинҷию амонӣ нашавад, то фарди охиринро аз дигар давлатҳо барнагардонем, ман худро ором ҳис намекунам».
Хонандаи азиз!
Таваҷҷуҳ намоед, ки дар он солҳои пурдаҳшат, кӣ аз нангу номуси миллат ҳарф мезад, кӣ аз ёди ҳазор сол баъдро мекард ва билохира, ки ояндаи ҳазор сол баъди давлати тоҷиконро мекард? Албатта касеро аз роҳбарони он вақта ёфтан душвор аст, ки дар чунин фикрҳо бошанд.
Ба ғайр аз ин дар аввалин муроҷиатномаи худ Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар гуфта буд, ки «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷоннисорӣ мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам боварӣ дорам».
Аз ин гуфтаҳо ба таври возеҳу равшан бармеояд, ки ӯ аз рӯзҳои аввал ба хуби ин масъулиятро яъне масъулияти роҳбариро хуб дарк намуда, хизмат барои миллату давлатро қарзи виҷдонии худ мешуморид. Дар ин радиф файласуфи Чини қадим Конфутсий дуруст мефармояд, ки «Некон ба ҳукми виҷдон анҷоми вазифа мекунанд ва бадон ба хотири рутба ва мақом».
Аз он рӯзгор инак 28 сол мегузарад. Гузашти вақт нишон дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар воқеъ Пешвои ҳақиқии миллати тоҷик шуда, аз паси худ давлат ва халқи Тоҷикистонро аз зулмот ба сӯи нур ва растагорӣ овард. Вазъи сиёсии мамлакат ба эътидол омада, сулҳу ваҳдат таъмин гардид. Низоми иқтисодию иҷтимоии мамлакат ба маҷрори рушд ворид гардид. Маданияти ҷомеа боло рафта, сатҳи худшиносии ҷомеа дар қиёс ба солҳои пеш хело фарқ мекунад. Дар сиёсати хориҷӣ бошад Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мақом ва ҷойгоҳи муайяни худро пайдо кард. Хулоса тамоми рукнҳои давлатдории тоҷикон барқарор ва таҳким бахшида шуд.
Зикр ва таъкид намудан ба маврид аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи тоҷикон яке аз роҳбароне мебошад, ки беҳтарин хислатҳои роҳбариро дар вуҷуди худ парваридааст. Ӯ дар воқеъ Пешвои миллат мебошад, зеро дар ҳама ҳолат чӣ дар рӯзҳои ғаму дарднокӣ ва чӣ дар рӯзҳои шодию нишот ӯ бо мардум буд ва ҳаст. Ӯ яке аз роҳбароне мебошад, ки ғамхору мушфиқи бенавоёну муҳтоҷон ва ятимону маъюбон мебошад. Дар ҳар мулоқотҳои хеш эшонро ба он ҳидоят мекунад, ки худро ҳеҷ гоҳ танҳою ятим ҳис накунанд, зеро давлат ва роҳбари давлат пуштибони шумост. Бо мушоҳидаи чунин амалҳо ҳадиси паёмбари акрам Муҳаммад (с) хотираро зинда мекунад, ки мефармоянд: «Подшоҳи одиле, ки фурӯтан аст сояи Худо дар замин аст, зеро мазлумону бекасон ба ӯ паноҳанда мешаванд». Ин гуфтаҳо ба роҳбари кишвари мо аз ҳар ҷиҳате, ки назар наафканем тааллуқ доранд. Фурӯтании ӯ дар он ифода меёбад, ки хело марди бомулоҳиза ва ботаҳаммул мебошанд. Бо вуҷуди ҳамаи ин имрӯзҳо боз ҳастанд афроде, ки нотавонбинию ношукрӣ намуда ҳарфҳои иғвоангезонаашонро ба тариқи баъзе сомонаҳои интернетӣ паҳн мекунанд. Онҳо бо суханони «шаҳду шакарбор»-и худ мехоҳанд ҷомеаи Тоҷикистонро мутақоид бар он кунанд, ки ҳақиқат бо онҳост аз ин рӯ бояд пайравӣ ба онҳо кард. Ин неруҳои аҳриман миҷоз чун «Аҳриман» зоҳиран суханони мафтункунанда мегӯянд, то мардумро ба доми хеш афкананд. Эшон ба шахсияти ҳар касе, ки хоҳанд таҳқирро раво мебинанд ва мехоҳанд ин фаҳмиши худро боло мардум бор кунанд. Дар воқеъ мардум дуруст мегӯянд, ки «Дӯст табарвор, душман шакарвор». Аммо мардуми Тоҷикистон хушбахтона ҳақиқатро худ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ хело хуб фаҳмидааст ва роҳи зиндагии осоиштаро акнун пайдо намудааст, аз ин рӯ фирефтаи пайравони шаётин шуданро барои хеш чун ҷомеаи мутамаддин раво намебинад. Агар мо ба таърих дақиқтар зеҳн монем ин гуна амалкардҳоро нисбати бисёр шахсиятҳои варзида ба монанди сиёсатмадорон, олимон, шоирон ва ҳатто паёмбарон мушоҳида намудан мумкин аст. Ҳатто дар рӯзгори паёмбари ислом Муҳаммад (с) мушрикон ӯро масхараю таҳқирҳои зиёди гӯшношунид менамуданд, ки ҳар мусалмон онро бишнавад ба туғён меояд. Аммо паёмбар чун эшон аксуламал нишон намедоданд, зеро онро хислати инсонӣ намедонистанд. Ин ҷо саволи гузоштаи Суқроти бузург ёди кас меояд, ки фармудааст: «Агар саг пои шуморо газад, шумо низ пои сагро мегазед?». Оре. Газидани пои саг рисолати инсонӣ нест. Аз ин лиҳоз паёмбар бо хӯйю атвори хеш ба эшон нишон медоданд, ки рисолати инсонӣ чист. Сарвари кишвари мо низ чун ин абармардони дунёи ҳикмату сиёсат амал намуда инсонгарию раиятпарвариро дар фаъолияти хеш нишон медиҳад. Кору амали ӯ як мактаби бузарги фуқаропарварӣ, ҷавонмардӣ, таҳаммулгароӣ, далерӣ, ватандорӣ мебошад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки бо чунин хислату хӯй дар таърихи халқи тоҷик номи ин абармарди миллат бо неки абадӣ хоҳад монд. Вуҷуди чунин абармардон дар таърихи ҳар қавму миллат боиси ифтихори он халқ аст. Тавре, ки ҷомеашиноси фаронсавӣ Густав Лубан менависад: «Таърихи як миллат монанди гулзоре аст, ки мардумони ҳунарманд ва боистеъдод гулҳои зебои он гулзор ҳастанд». Муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ҳақиқат яке аз нафарони намоёнтарини таърихи тоҷикон мебошанд.
Давлатшоҳ Маҳмудов
омӯзгори факултаи таърихи
ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо