НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НАҶОТИ МИЛЛАТ

 

 _-__

Таърихи ҳар як халқу миллат фарзандони фарзонаеро ёд дорад, ки барои ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ талошу ҷонбозиҳои бемисл нишон додаанд. Тоҷикон низ мардуми хушбахтанд, хушбахтии мо тоҷикон дар он аст, ки насибамон чунин абармарди даврон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гаштааст.

Эмомалӣ Раҳмон замоне ба арсаи сиёсату роҳбарӣ ворид гашт, ки ҷумҳурии тозаистиқлоламон, баъди пошхӯрии давлати абарқудрати Шӯравӣ, бо дассисаҳои бадхоҳони миллат ва бо ҳидояту дастгирии хоҷагони аҷнабиашон ба кашмакашиҳои дохилӣ кашида шуда, дар пешорӯи парокандагию нестӣ қарор дошт.

Бо сар задани ҷанги хонумонсӯзи бемаънии шаҳрвандӣ, як зумра ҳамватанонамон гуреза гашта, ба кишварҳои ҳамсоя ва хориҷ паноҳ бурданд. Тоҷикистон он солҳо дар сархати воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ, ҳамчун кишвари ноором қарор гирифта буд. Барои ба эътидол оврадани вазъияти ноороми кишвар, раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, чунин қавл дод: -«Ман ба Шумо сулҳ меорам ва то гурезаи охирин ба Ватан барнагардад, ман худро ором намешуморам», мардонавор ба гирдоби ин бесарусомониҳо печида, ба қавлаш бо сари баланд вафо намуданд.

Президенти тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон барои орому муҳтадил гардонидани фазои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии кишвар, расидан ба ваҳдати миллию истиқрори сулҳ ҷони худро зери хатар монда борҳо ба манотиқи ҷангзадаи кишар, аз он ҷумла ба Давлати исломии Афғонистон, ки дар он замон ҳам ором набуд, ба назди гурезаҳо рафта, мақсади сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукуматро фаҳмонда, барои ба Ватан баргаштан ва обод намудани замини аҷдодиашон ҳидоятҳои меҳрубононаю падарона доданд. Аз ҷумла 12 маротиба бо нерӯҳои гуногуни сиёсӣ ва қувваҳои оппозитсионӣ гуфтушунид ва музокирот анҷом дода, оқибат 27 -уми июни соли 1997 дар пойтахти давлати Россия, шаҳри Масква протоколи сулҳи тоҷикон, ки дар таърихи давлатдориамон бо хатҳои заррин сабт шудааст, ба имзо расонд.

Имрӯз ҳамагон шоҳид он мебошем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои пешин қаноат накарда, дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ пешниҳодҳои бемисл, аз ҷумла оиди истифодаи оби тоза менамоянд. Бо сиёсати хирадмандона ва бобарори фарзанди фарзонаи миллати тамаддунофари тоҷик, Тоҷикистон аз як давлати аграрӣ ба кишвари саноатию аграрӣ табдил меёбад.

Бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат –Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамон, дар оянда аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада ба кишвари транзитӣ мубаддал мегардад. Ва бо ба анҷом расидани иншооти аср, НБО –и Роғун ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад, ки ин ба пешрафти тамоми паҳлуҳои хоҷагии халқамон аз он ҷумла, ба давлатҳои Осиёи Марказӣ шароити мусоид рушд фароҳам меорад.

Эмомалӣ Раҳмон бо корнамоиҳои хеш ба қаттори симоҳои мондагори таърихи миллати тоҷик ворид гашта, дар радифи абармардони дунё қарор дорад. Дар таҳкими пояҳо ва устуворсозии давлатӣ миллии тоҷикон саҳми Пешвои миллат хеле калон буда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати бузурегро соҳиб гаштааст.

Имрӯз, Тоҷикистони соҳибистиқлол бо таҷрибаи сулҳофараш намунаи оламиён гашта, ба сарзамини рушдёфта табдил меёбад. Беҳудда нест, ки ҷаҳониён таҷрибаи сулҳи тоҷиконро омӯхта, барои ба эътидол овардани манотиқи ноороми сайёра онро роҳандозӣ менамоянд.

Эмомалӣ Раҳмон барҳақ симои барҷастаи сиёсати сатҳи ҷаҳонӣ буда, дар ин росто Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба унвонии Пешвои миллатамон, чунин гуфтааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони ИДМ мавқеи намоёнро ишѓол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъи муташанниҷ дошт, дида намешуд».

Имрӯз мо бояд шукрона аз он кунем, ки дар кишвари ободу озод, зери ливои сулҳу ваҳдат ва истиқлолият, ки бо ҷонбозиҳои Пешвои миллат насибамон гаштааст, зиндагии шоиста дорем. Обрӯ ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ торафт афзун гашта, кишвари мо ҳамчун сарзамини ташаббускор ва меҳмоннавоз дар тамоми ҷаҳон маълуму машҳур аст. Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифта, бо тамоми кишварҳои олам риштаҳои дӯстиро барқарор намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон миёни мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон маҳбубияти хосро сазовор буда, бо унвони «Президенти мардумӣ» мушарраф гаштааст, зеро миллати тоҷик дар симои Пешвои миллат наҷотбахш, сулҳофар, бунёдкор ва шахсияти меҳрубону ғамхорро дарёфтааст.

 

            Иматшоев З.Х., н.и.и., дотсенти кафедраи омори ДДМИТ

 

                      Одинаев А.С., асситенти кафедраи омори   ДДМИТ

Садо

Навор

Ҳама наворҳо