Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе шаҳрдори Душанбе - Рустами Эмомалиро ба узвияти Маҷлиси Миллӣ пешниҳод кард

 

rustam

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарор кард, ки номзадии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шавад. Пас аз овоздиҳии пинҳонӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо дарёфти аксари овозҳо аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Ин пешниҳод имрӯз аз ҷониби вакилони тозаинтихоб зимни иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум манзур гардид!

Садо

Навор

Ҳама наворҳо