Таъсиси Артиши миллӣ дастоварди бузурги даврони истиқлолият

 

hqdefault

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти худро ба даст овард ва дере нагузашта дар коми ҷанги шаҳрванди фурӯ рафт. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Миёна ягона давлате мебошад, ки аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба он ягон баъзаи моддӣ техникӣ ҳарбӣ мерос намондааст ва барои таъсиси Артиши милли корро аз сифр дар заминаи холи оғоз намудааст.

Дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Урунхӯҷаев-и ноҳияи Б.Ғаффуров баргузор гадида буд дар он бояд 23-масъала барраси мегардид. Яке аз рӯзномаи ин маҷлис дар бораи таъсиси Артиши Милии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 18 декабри соли 1992 Қарори Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии ташкили Артиши миллиро фароҳам овард.

23-юми феврали соли 1993 аввалин маротиба дар шаҳри Душанбе намоиши ҳарбӣ баргузор гардид. Аз ин лиҳоз 23-юми февралро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳамчун рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Қувваҳои Мусаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти онвақтаи ҷумҳурӣ барои созмон додани Артиши миллӣ кӯшишҳое аз худ нишон дода буд, аз сабаби он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд, имкон намедод, ки мутобиқ ба шароити истиқлолияти мамлакат Артиши миллӣ – муҳимтарин аз унсурҳои давлати соҳибистиқлол созмон дода шавад. Аммо ин кӯшишҳо номуваффақ анҷом ёфтанд.

           Аввалин кӯшиш дар ин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Гвардияи миллӣ» буд, ки тибқи он идораи мушовири давлатӣ оид ба масъалаҳои мудофиа, амнияти миллӣ ва мақомоти ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ таъсис гардид ва роҳбари идораи мазкур ҳамзамон фармондеҳи Горди миллӣ таъйин шуд. Баъдтар, яъне 4 январи соли 1992 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил намудани Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад. 1 майи соли 1992 бошад Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доири баталёни ҷудогона дар ҳайати бригадаи таъиноти махсус» баромад, тибқи он дар мўҳлати ду ҳафта бояд таъсис дода мешуд. Аз сабаби он, ки 7-уми майи соли 1992 таҳти фишори нерўҳои мухталифи сиёсӣ ва мазҳабӣ Президенти ҷумҳурӣ бо фармони дигари худ фармони мазкурро бекор кард ва тибқи он ҳам бригадаи таъиноти махсус ва ҳам баталёни ҷудогона барҳам дода шуд, ва монанди инҳо.

Тибқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996, № 316 Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳайати Қувваҳои -Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инҳо ташкил медиҳанд:

-қӯшунҳои хушкигард;

увваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи  зиддиҳавоӣ;

-қӯшунҳои зудамал”.

Қӯшунҳои хушкигард

Қӯшунҳои хушкигард соли 1993 ташкил шуда аз сершумортарин навъи Қувваҳои мусаллаҳ аст. Қӯшунҳои хушкигард 70 дар сади шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар ҳайати Қӯшунҳои хушкигард асосан ҷузъу томҳои низомии савораи тирандоз, танкӣ ва артиллерия фаъолият мекунанд. Ҳамасола қисмҳои низомии ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат машқҳои васеи низомӣ доир намуда, омодагии ҷангии худро пайваста сайқал медиҳанд.

Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи  зиддиҳавоӣ

Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ҷумҳурӣ аз нахустин навъи Қувваҳои мусаллаҳ ба шумор рафта, он ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошад. Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ бошад, нисбат ба Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ҷавон буда,

он соли 1994 ташкил ёфтааст. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягона, соли 2005 ин ду навъи Қувваҳои Мусаллаҳ муттаҳид гардонида шуданд. Ҳайати шахсӣ ва ҳавопаймою чархболҳои ҷангии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии аз рӯзҳои аввали фаъолияти Артиши миллии ҷумҳурӣ дар ҳифзи сохти Конститутсионии Тоҷикистони навбунёд аз худ саҳми арзандае гузоштаанд.

Қӯшунҳои зудамал

Дар замони муосир қувваи асосие, ки ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таҳдиди хатар мекунад, ин терроризми байналмилалӣ ва экстремизми сиёсӣ аст. Аз ин рӯ , ҳадафи асосии бунёди Қӯшунҳои зудамал ин ҷорӣ намудани усулҳои нави омодагӣ бар зидди ин гуна нерӯҳо ва дар маҷмӯъ зудамал ва қобили ҷангу ҳарб намудани ҳама Қувваҳои Мусаллаҳ аст. Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа бо Фармони Президенти мамлакат моҳи сентябри соли 2003 бунёд ёфтааст.

Бунёди ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар доираи навсозӣ ва бе зиёд намудани шумораи умумии артиши миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Ба ҳайати он ҳама қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои таъиноти махсус, Полки муҳандисӣ-сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд. Айни ҳол ҷузъу томҳои Бригадаи десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа ба Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва се баталёни он ба нерӯҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мебошанд.

Хушбахтона, имсол мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-солагии бунёди артиши миллии худро ботантана ва дар шароити тинҷу ором ҷашн мегирем. Ин ҷашн дар шароите таҷлил мешавад, ки Ватани мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол бар марҳилаи нави тараққиёти худ дохил шуда, бо қадамҳои устувор барои боз ҳам пойдор гардонидани сулҳ, таҳкими арзишҳои давлати демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд пеш меравад. Ҳарчанд, ки Артиши миллӣ пас аз гузаштани муддате баъд аз соҳибистиқлол шудани ҷумҳурӣ бунёд гардид, маҳз ў ҳаққи миллати куҳанбунёд ва собиқадори давлатдории деринро ба давлату давлатдорӣ дар замони нав собит намуд ва имрўзҳо низ сарбозону афсарони тоҷик ба душвориҳо нигоҳ накарда дар тӯли 27–сол дар ҳифзи марзу буми Ватан ва ҳифзи дастовардҳои истиқлоият ба норасогиҳои моддию техникӣ нигоҳ накарда, вазифаи пуршараф ва муқаддаси ҳарбии худро пайваста такмил дода истодаанд.

Мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонки ҳама дар назди халқу Ватан вазифадор ҳастем, сулҳи пойдор ва якпорчагии Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳ бонӣ кунем, халқи мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бовар мекунонем, ки бо хизмати намунавӣ ва бо меҳнати созанда қудрати иқтисодӣ ва нерўи мудофиавии давлатамонро афзун менамоем. Хизмат кардан ба Ватан вазифаи муқаддас ва шарафи бузург аст!

Мувофиқи модаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”. Аз ин лиҳоз шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27 - солаи дар қайд буда бояд ба хизмати ҳарбӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ дар вазифаҳои ҳайати аскарон ва сержантҳо даъват карда мешаванд. Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ду маротиба дар як сол - аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар воситаҳои ахбори умум на камтар аз як моҳи пеш аз даъват чоп мешавад, анҷом дода мешавад. Мӯҳлатҳои хизмати ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ барои онҳое, ки дар асоси даъват дар вазифаҳои аскарон ва сержантҳо хизмати ҳарбӣ адо мекунанд - 24 моҳ, барои шахсони таҳсилоти олӣ дошта - 12 моҳ, муқаррар карда шудааст.

Айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 50 - давлатҳои дунё ҳамкории ҳарбӣ техникӣ намуда истодааст. Дар байни 136-давлати дунё Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати қувваи ҳарбӣ ҷои 96-умро ишғол намудааст. Ҳар сол ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-16 ҳазор ба хизмат ҷалб карда мешаванд.

Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон дар баромади худ қайд намудаанд: “Артиш такягоҳи давлат ва сипари миллат аст”.

 

 

 

 

                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                        Абдуллозода Акмал Абдулло

                                                                                            донишҷӯи курси 4-уми факултети                          

                                                                                 ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ                

                                          











                                                                          

Садо

Навор

Ҳама наворҳо