Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон камераҳои назоратӣ насб карда мешавад

 

6c4fde29-e5cc-4d70-b885-66e2fd3bd984 1

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ҳалли масоили марзӣ ба тавофуқ расиданд.

Тибқи иттилои 24.kg намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи як ҳодисаи сарҳадӣ гуфтушунид карданд.

Дар ноҳияи Кочо – бойи вилояти Бодканд намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин прокуратураи Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот карданд.

Тарафҳо таъкид намуданд, ки барои истиқрори сулҳ дар минтақаҳои марзӣ бояд миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои муштарак, ҳам миёни мардум ва ҳам миёни марзбонон, сурат бигирад.

Ҳамзамон тасмим гирифта шуд, ки дар минтақаҳои марзӣ дар ноҳияи Ботканди Қирғизистон ва шаҳри Исфараи Тоҷикистон дурбинҳои назоратӣ насб карда шавад. Ҳоло мақомоти қудратии ду кишвар дар низоми пурзур хизмат доранд,- таъкид намудааст манбаъ.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо