8-нафар ронандагон дар асоси муроҷиати шаҳрвандон ҷарима карда шуданд

 

705

Кормандони Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе барои пешгирии вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва рафъи қочоқи сунъӣ дар пойтахт тамоми чораҳои заруриро меандешанд.

Дар робита ба ин, шаҳрвандон низ худро бетараф наҳисобида, қоидавайронкуниҳои дағали ронандагонро ба новор ва аксбардорӣ намуда, барои чораҷуӣ ба унвонии раёсат мефиристанд. Ҳама муроҷиатҳои шаҳрвандон таҳти назорати бевоситаи милитсияи пойтахт қарор доранд, ки омӯзиши ҳамаҷониба мегузаронанд ва баррасӣ карда мешаванд ва нисбати ронандагон чораҳои дахлдор андешида мешаванд.

Ҳамзамон як қатор истифодабарандагони фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо ирсоли расми қоидавайронкунии ронандагон аз милитсияи пойтахт дархост намуданд, ки нисбати ронандагони онҳо чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Баъди ирсоли расми қоидавайронкунӣ ронандагони зерин аз ҷониби ШБДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дода шуданд, ки қоидавайронкунии онҳо аз рӯйи аксҳои фиристодашуда, исботи худро ёфтаанд.

Нисбати ҳар камоме аз онҳо мувофиқи қоидавайронкуниашон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуданд.

Аз ҷумла нисбати ронандагони зерин:

Мустафоев Аслиддин, Изатуллоев Дилшод, Ашуров Фирдавс Файзуллоевич, Аҳмадов Джайлов, Рафиев Муҳаммадрасул Абдулманнонович, Эмомов Ҳотамшоҳ, Давлатов Кароматулло, Исломов Иброҳимҷон.

 

 

 

 

 

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо