Натиҷаҳои амалиёти «Корд» дар соли 2020

 

-2


Тавре қаблан хабар дода будем, дар семоҳаи чоруми соли 2019 бо ташаббуси Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, бо мақсади пешгирии истифодаи силоҳи сард дар пойтахт якчанд марҳила амалиёт бо номи «Корд» гузаронида шуд.. Қобили зикр аст, ки амалиёт дар пойтахт идома дорад ва милитсияи шаҳри Душанбе то решакан кардани ин падидаи номатлуб дар ҷомеа мубориза хоҳад бурд.

Аз ҷумла, дар аввали соли 2020, милитсияи пойтахт дар ҷараёни ин амалиёт 8 нафарро боздошт намуданд, ки номбурдагон бо худ силоҳи сард аз қабили корду кастет мегардониданд. Дар марҳилаи навбатии амалиёт 8 шаҳрванди Тоҷикистон ошкор карда шуданд, ки 7-адад корд ва 1-адад кастет дарёфту мусодира карда шуданд.

Чӣ тавре ки таҳлили парвандаҳои ҷиноятии соли гузашта нишон медиҳад, бо худ гардонидани чунин ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда оқибати хуб надорад. Дар бештари маврид он ҷиноятҳое, ки бо истифода аз силоҳ содир шудаанд, нафарони гумонбар бо худ силоҳи сард махсусан корд доштаанд. Чунин афрод дар камтарин нофаҳмӣ ва муноқишаҳои лафзӣ аз он истифода бурда, ҷиноятҳои вазнини ба муқобили саломатӣ равона гардидаро содир мекунанд.

Дар ин ҳолат нисбати шахсоне, ки дар рафти амалиёт дастгир карда шуда, аз онҳо пайдо ва мусодира карда шудааст, чораҳои ҳуқуқӣ татбиқ карда мешаванд.

Аз он ҷумла шаҳрвандони зерин:

Маматалиев Ҳасан Ҳигматуллоевич, соли таваллудаш 1998 , Мансуров Ҳоҷимурод Хурсандмуродович, соли таваллудаш 1994, Абдуллоев Ҳайдар Неъматуллоевич, соли таваллудаш 1988, Донаев Умедҷон Ҳакимович, соли таваллудаш 2004, Юлдошов Сайёд Ҳабибуллоевич соли таваллудаш 1999, Усмонов Мирзоҷон Муродҷонович, соли таваллудаш 1991, Яъқубов Билол Мамутовиҷ, соли таваллудаш 1996, Қурбонов Насим Баҳриддинович, соли таваллудаш 2000,

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бори дигар аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои бо худ гирифта гаштани силоҳи сард, ки ҳамагон аз оқибатҳои нохӯши он хуб огаҳанд, бе тараф набошанд. Ҳамзамон амалу рафтор ва доираи дӯстони фарзандони худро зери назорат қарор диҳанд ва нагузоранд то онҳо ҳамроҳи худ чунин ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро гардонанд. Дар навбати худ милитсияи пойтахт низ то охирин лаҳза ва пурра аз байн бурдани ин амали номатлуб дар ҷомеа мубориза бурда, амалиётҳои мақсаднокро дар ҳудуди пойтат идома медиҳад.

 

 

 

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо