Аввалин Форуми тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Британияи Кабир ва Тоҷикистон дар Лондон баргузор мегардад

 

 Britaniya-i-Tadzhikistan

Тибқи иттилои Вазорати Корҳои Хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Лондон санаи 26 ноябр бо ташаббуси Сафорат дар ҳамкорӣ бо Палатаи тиҷорати Тоҷикистон ва Британия чорабинӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Мақсади асосии баргузории чорабинии мазкур ҳамаҷониба муаррифӣ намудани имкониятҳои сармоягузорӣ ба кишварамон буда, аз ҷумла маълумоти пурра оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми андоз, имтиёзҳои махсус барои сармоягузорон ва шароити бурдани тиҷорат дар Тоҷикистон манзури иштирокчиён гардид.

Сафири кишвар дар Британияи Кабир Масуд Халифазода суханронӣ намуда, оид ба имкониятҳои ҳамкорӣ дар самтҳои авлавиятнок байни ду кишвар маълумот дод. Ҳамзамон Масуд Халифазода дар бораи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, иқтидори гидроэнергетикии кишвар, саноат, маъданҳои фоиданок ва соҳаи кишоварзӣ изҳори назар кард. Намояндагони сохторҳои давлатии кишвари маҳалли иқомат, ҳайати дипломатии муқими Британияи Кабир, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои сармоягузор, намояндагони Палатаи тиҷорати Тоҷикистону Британия дигарон дар чорабинии мазкур ширкат варзиданд.

Дар  Лондон Форуми якуми тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 апрели соли 2020 баргузор мегардад.

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо