Миёни 10 мамлакати олам лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон беҳтарин дониста шуд

 

20191016 152128


 

Миёни 10 мамлакати олам лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон беҳтарин щисобида шуд. Дафтари намояндагии Бонки Осиёии Рушд миёни 10 мамлакате, ки лоиҳаҳои ин бонкро татбиқ мекунанд, чунин натиҷагирӣ намудааст.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Масъули иҷрои лоиҳа Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣмебошад. Директори кишварии Бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Прадип Сривастава барои татбиқи пурсамари он Кумитаро бо ифтихорнома сарафроз гардонд.

Аз моҳи январи соли 2019 лоиҳаи милии идораи хатари офатҳо шурӯъ гардида буд. Барои мустаҳкам кардан зарфияти Кумита дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, татбиқи идораи коҳиши хатари офатҳо дар муассисаҳои давлатӣ, такмил ва тавсияи системаи мониторинг ва огоҳкунии бармаҳал дар бораи кӯли Сарез ва муҷаҳҳаз гардонидани Хадамоти зиддижолаи Кумита равона гардидааст.





Садо

Навор

Ҳама наворҳо