Мавқеъи ҷуғрофии Ҳулбук

 6

   

 

     














     

Тақрибан 11 километр болотар аз қасри Ҳулбук (деҳаи Қурбоншаҳид) дар самти шимолӣ, аз тарафи рости соҳилдарёи Сурхоб, деҳаи замонавии Ҳулбак ҷойгир аст. Чуноне, ки дар боло зикр намудем, хотирот дар бораи ин деҳа дар қайдҳои ҷолиби муҳаққиқони ҷануби Тоҷикистон А.П.Колпаков ва А.Е.Маҷӣ оварда шудааст. Аз баски онҳо аз байни бисёр ёдгориҳои дигар шаҳраки воқеъ дар деҳаи Ҳулбак бештар ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд, метавон тахмин кард, ки шаҳри мазкур аз ибтидо дорои релефи хеле возеҳу равшан бо иморатҳои назаррабою хатҳои обёрӣ будааст, ки намунаҳои олии тарҳу симои он то имрӯз боқӣ мондаанд. Мутаасифона, бо сабабҳои номаълум дар ин мавзеъ ягон тадқиқоти омӯзишӣ- бостоншиносӣ гузаронида нашуда буд, ҳол он, ки тамоми далелҳои шайъии таърихии мавҷудияти маркази бузурги аҳолинишин ҷой доранд.

         Таваҷҷуҳи мутахасисон ба ин мавзеи таърихӣ дар солҳои охир, баъди он, ки сокинони маҳаллӣ ҳангоми сохтмони хонаҳои худ ба дарёфти ашёҳои хеле аҷоиби бостоншиносӣ оғоз намудаанд, зоҳир карда шуд. (Расми 2. Мавқеъи ҷуғрофии Ҳулбак.)

Масалан дар ҳавлии яке аз сокинони деҳа, ҳангоми бурдани корҳои сохтмонӣ хумдони кулолӣ ёфт шуд, ки ҳолати нигоҳдошти он бениҳоят хуб буд. Таҳқиқи мукамали хумдон аз ҷониби мутахассисон собит гашт, ки он мансуб ба давраи на дертар аз асримиёнаи барвақтӣ мебошад.

                               Мавқеъи ҷуғрофии Ҳулбук

 

Дар ҳавлиҳои атрофи деҳа бошад, дигар маснуоти кулолӣ фулузӣ, сангӣ ва нумизматикӣ бозёфт гардиданд, ки ба давраи юнону- бохтариён ва кушониён мутааллиқ мебошанд. Аз ҷумла, дар масофаи 100 метр дуртар аз хумдони кулолии бозёфтшуда якчанд адад кузаҳо ва хумҳои гуногунҳаҷм бозёфт шуданд, ки маҳз ба замони кушониён мансуб мебошад.

                     

                                        Сохтори  дохилии  Ҳулбук.

 

   Дар асоси сарчашмаҳои ҷуғрофӣ-таърихӣ юнонӣ, чиннӣ ва арабу –форсӣ инчунин ғановату гуногуншаклии бозёфтҳои бостоншиносӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҳулбук – пойтахти Хутталон шаҳрест бо таърихи бисёр қадима. Дар ҳама давру замонҳои мавҷудияти хеш, шаҳри Ҳулбук ҳамчун маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шоҳигарии Хутталон ба ҳисоб мерафт. Маданияти шаҳрсозии Ҳулбук аз рӯи тарҳи возеҳи меъморӣ ва муҳандисӣ бо сохторҳои муракаби коммуникативӣ, системаи гармидиҳии зерифаршӣ, аз ҳудуди қаср берун намудани обҳои барфу борон ва обҳои истифодашуда танҳо баъди софкорӣ,таъмини обҳои ошомиданӣ ва хоҷагидорӣ ва аз ҳама муҳим бо риояи талаботҳои шаҳрсозии асримиёнагӣ, яъне бо қасри шоҳон, шаҳристон ва рабази (маҳалҳои аҳолинишини ба шаҳр пайваст) наздишаҳрӣ ба анҷом расонида шудааст. Ҳафриётҳои бостоншиносӣ, ки дар ҳудудҳои қасри шоҳони Хуттал ва ҳудуҳои шаҳристон гузаронида шудаанд нобиғаҳои меъмории тоҷикӣ, мавқеъи интихоби ҷой бо нигоҳдошти манзараҳои табии, мавқеъи стратегӣ - мудофиавиро ошкор намуданд.

     Аҳолии шаҳри Ҳулбук ва музофотҳои он маҳсулотҳои беназири ҳунармандӣ аз қабили зарфҳои сафолии сирдор ва бесир, шишагин, булурин, маҳсулотҳои оҳангарӣ, косибӣ, заргарӣ, сангтарошӣ, устухонтарошӣ, мусаввирӣ ва ғ. дар сатҳи олии касбӣ ва техникӣ истеҳсол менамуданд ва бо ин васила талаботи худ ва минтақаро таъмин менамуданд. Сабки тасвири девормусаввараҳои Ҳулбук нишон медиҳад, ки ниёгони мо анъанаҳои санъати тасвирии гузаштаи хешро бо табодули анъанаҳои гузаштагон дар худ бевосита нигоҳ доштаанд. Таъсири бевоситаи фанҳои табиатшиносӣ ва ҳандасӣ дар истеҳсоли кулолгарӣ, шишасозӣ оҳангарӣ инчунин дар тарҳ ва ороиши биноҳои қасри Ҳулбук ва атрофи он бисёр хуб ба назар мерасанд. Ҳамаи тасвирҳои анҷом додашуда бевосита табии буда бо иловаи истеъдоди ҳунармандони хатлонӣ нафосот ва зебогии нотакрореро дар худ таҷассум менамоянд. Анъанаҳои шаҳрсозӣ ва ҳунармандӣ дар замони Сомониён ташаккул ёфта дар давраҳои минбаъдаи таърихӣ нигоҳдорӣ ва равнақ дода шудаанд. Шаҳри Ҳулбук яке аз нобиғаҳои фарҳанги моддӣ ва маънавии на танҳо халқи тоҷик балки ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Маҳз ҳамин сифатҳои волои шаҳри Ҳулбук буд, ки моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Сиан-пойтахти фарҳангии давлати Чин дар қатори 8-ёдгориҳои беназири халқи тоҷик он ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешими ЮНЕСКО ворид карда шуд.

     Хушбахтона таввасути истиқлолияти давлатии миллати тоҷик ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ҳазорсолаҳо пойтахти Хутталони қадим - шаҳри Ҳулбук имрӯз аз нав эҳё гардида истодааст. Маҳз ба хотири бузургдошт ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва маданияти қадими шаҳрсозии ниёгон ва барои эҳё намудани ҳиссӣ баланди миллӣ ватандорӣ, ки бевосита аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук бо Осорхонаи Ҳулбук дар пойгоҳи шаҳри Ҳулбук таъсис дода шудааст, ки дар ин самт як такони ҷиддие дар пешрафти таъриху фарҳанги халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

 

 

 

 

Садо