Саразм мероси фарҳангии ҷаҳонӣ

 

sarazm-5Яке аз нодиртарин ёдгориҳои фарҳангии Осиёи Марказӣ, ватани аввалини зироаткорони қавми ориёӣ, маскани сароғози таъриху фарҳанг ва тамадунсозии аҷдодони тоҷикон- Саразм ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардид. Барои сазовор шудан ба ин ифтихор 12 соли тӯлонӣ заҳмати бостоншиносону таърихшиносон, фарҳангшиносон ва умуман аҳли зиёи мамлакат, дӯстони хориҷии мо ва ба хусус Ҳукукмати ҷумҳурӣ бо сарварии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон лозим шуд
Саразм дар 12 км қисмати ғарбии шаҳри Панҷакент, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон ҷойгир Буда, масоҳати умумии он зиёда аз 100 га ва ҳудуди омӯзишаш 30 га-ро ташкил медиҳад.
Ёдгорӣ дар замонхои энеолит ва асри биринҷӣ -аз 3400 то 2000 сол пеш аз милод, яъне дар тули қариб 1500 сол арзи вуҷуд доштааст.
Ҳафриётҳо дар Саразм хонаҳо, иншоотҳои бузургҳаҷм ба монанди қаср ва маъбад, анборҳои ҷамъиятиро пайдо намуданд. Саразмиҳо коркарди тилло, мисс, нуқра ва сангҳои гуногуни ороиширо медонистанд ва аз онҳо ашёи гуногуни ҷолиб тайёр мекарданд.
Санъати кулолгарии саразмиён бо нақшҳои гуногунранги зарфҳо, ки бо чунин зарфҳои ёдгориҳои Шарқи Наздик, ҷануби Туркманистон ва Афғонистон шабоҳат доранд, олимонро ба ҳайрат гузоштаанд. Бозёфтҳо гувоҳи онанд, ки саразмиён ҳатто бо мардумони водиҳои дарёи Ҳинд алоқаҳои тиҷоратӣ доштанд.

sarazm-hazinai-tillo-va-iftihori-millati-toik-andeshaoi-ustodoni-donishgoi-davlatii-huand-dar-robita-ba-ashnii-5500-solagii-shari-boston 1

Таҳқикҳои бостоншиносӣ дар Саразм аз соли 1977 бо сардории бостоншинос устод Абдулло Исҳоқӣ оғоз шуда, то соли 1997 давом ёфтанд ва аз соли 1997 ба онҳо номзади илми таърих, бостоншинос А. Раззоқов роҳбарӣ дорад. Дар ин ҷо экспедитсияҳои бостоншиносии байналмилии олимони Америка, Франсия, Италия, Россия ва дигар мамлакатҳо дар солҳои гуногун пажуҳишҳо намуданд.
Дар ҳудуди ёдгории Саразм бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.09.2000 № 391 дар ҳудуди 47,3 га Мамнӯъгоҳи таърихӣ-бостоншиносии Саразм таъсис дода шуд.

 

Садо