Дар рушди соҳаи сайёҳии кишвар саҳмгузор мешавем!

 

---

Сайёҳӣ ба яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва тараққикардаи дунё табдил ёфта истодааст. Албатта тараққиёти сайёҳӣ ба баланд будани сатҳи ҳаёти иҷтимоӣ вобаста аст. Даромади солона аз ҳисоби туризм дар ҷаҳон зиёда аз 3 трлн доллари ИМА баробар аст, ки аз он қариб 400 млрд долларашро даромад аз ҳисоби туризми байналхалқӣ ташкил медиҳад. Туризм дар савдои ҷаҳонӣ дар қатори саноати нефт ва автомобилбарорӣ ба ҷойи 3-юм баромадааст. Бештар ин соҳаҳаи иқтисодию иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ дар давлатҳои Аврупо ташаккул ёфтааст, зеро зиёда аз 60% миқдори сайёҳон ва 50% воридоти асъорӣ ба ҳамин минтақа рост меояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ки беҳтарин маконҳову имкониятҳоро барои қабули сайёҳон дорад, метавонад ки бо тариқи тарғиби соҳаи сайёҳии кишвар ва муаррифи намудани имконоти худ ба сайёҳон соҳиби даромади хуб шавад. Ҳамчунин таҷриба нишон медиҳад, ки минтақахои сайёҳии мо аз дигар кишварҳои сайёҳи куллан фарқ мекунад. Обҳои ширину муссаффояш, ҳавои фораму дилкашаш кўҳҳои баланди осмонпушаш дили одамро ба ваҷ д меорад. Воқеанҳам Тоҷикистони мо дӯстдоштанист.
Бо ҳамин мақсад Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус зимни баромади худ чунин қайд карданд, ки “Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар” Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шавад. Дар ин раванд, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монад. Инчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши якчанд намуди молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад”.
Мо ҷавонон низ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат тақрибан ба тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар намуда таввасутии шабакаҳои иҷтимои минтақаҳои гуногуни Ватанамогнро тарғибу ташфиқ намуда ба чаҳониён муарифи намудем.
Дошт лаззат сайри мо бо Пешвою мулкдорон,
Сайрҳо аз Рашту Ашту Лахшу Хатлону Бадахшон.
Аз Ҳисору Роғуну Кулоб то марзи Зарафшон ,
Аз баҳору фасли гармо, тирамоҳону зимистон
Мавриди зикр аст, ки тамоми ноҳияи мо бо табиати зебо ва дарёҳои мусаффои худ, қалби ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷӣ кишварро таскин менамояд. Аз Аврупо то Осиё дар бораи “Искандаркул”, “Сафеддара ” ,“Аловуддин”, “Водии Яғноб” ва дигар ҷойҳои таърихии мо бо хушнудӣ ҳарф мезананд, ки ин ифтихори ҳар яки мо аст. Дар баробари ин, дар рустоҳои шаҳру ноҳия занони ҳунарманд дар дӯхтани либосҳои атласу адрас, намадрезӣ, қолинбофӣ, корҳои қаннодӣ, сохтани кӯза, танӯри бобоӣ маҳорати баланд доранд. Аммо онҳо имконият надоштанд, ки маҳсули дастранҷи худро ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ ба фурӯш бароранд. Пешвои миллат роҳи дурахшонро барояшон кушоданд. Ҳар як ҳунарманд бе пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ ҳунарҳои миллии худро ба гардиши бозори дохиливу хориҷӣ бароварда маҳсулотҳои худро муаррифӣ месозанд. Эълон намудани Соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Пешвои миллат, айни муддаост, бо ин восита ҳунармандон маҳсули эҷоди худро бе ягон мамоминат ба фурӯш бароварда, сатҳи зиндагии худро беҳтар месозанд. Бо ҳидояту дастгирии ин марди созанда, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар корхонаҳои қолинбофии дастӣ ба кор шуруъ намуд ва занони ҳунарманди хонашинро ба ин соҳа ҷалб кард. Боварии комил дорем, ки рушди ҳунарҳои миллӣ боз ҳам густариш меёбаду мардуми ҳунарманд ба ҷойҳои корӣ таъмин мегарданд.
Кард эълон Пешво мавзеи сайёҳон бад ин сон,
Гуфт меҳмонхонаҳо созед баҳри меҳмонон.
Роҳҳо, пулҳо кушоед андар ин маъво зи эҳсон,
Рафтуомад баҳри мардум то шавад роҳат ва осон.


Таҳияи Нигора Рауфова
“Andesha”

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо