Имтиёзҳо барои рушди сайёҳӣ

 Дар Тоҷикистон заминаҳои қонунгузорӣ дар самти танзими муносибатҳо ва фароҳам овардани шароити инкишоф рӯз аз рӯз такмил ва рушд меёбад. Аз ҷумла, дар самти иҷтимоии иқтисодӣ, ки соҳаи сайёҳиро низ дар бар мегирад, солҳои охир имтиёзҳо ва ҳавасмандгардониҳои зиёд роҳандозӣ шудаанд. Чунончи, бо мақсади рушди сайёҳӣ заминаҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ташаккул ёфта, тадбирҳои зерини дар шароити рушди давлат муҳим андешида шудаанд:
1. Аз пардохтҳои андозу гумрукӣ озод гардидани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ;....
2. Аз пардохти андоз аз фоида озод гардидани ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият;....
3. Ташаккул ёфтани низоми содакардашудаи раводид (шабакаи ягонаи электронӣ) барои шаҳрвандони 80 давлати ҷаҳон;.....
4. Муқаррар гардидани беш 10 имтиёзи дорои хусусияти иҷтимоию иқтисодӣ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ».
Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин давлатест, ки дар ИДМ ба сайёҳии дохилӣ афзалият дода, бо мақсади батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, тартибот дар бозори сайёҳӣ, ҳифзи ҳуқуқ, манфиатҳои сайёҳон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, баланд бардоштани маърифат ва маданияти сайёҳии ҷомеа, мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳсозии вазъи иҷтимоии шаҳрвандон Қонун «Дар бораи сайёҳии дохилӣ»-ро қабул кардааст.
Боиси зикр аст, ки қонуни мазкур бо иқдоми вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилоту муассисаҳои илмию амалӣ бо назардошти таҷрибаи қонунгузорӣ ва амалии давлатҳои пешрафта дар самти рушди сайёҳии дохилӣ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Япония ва ИМА, инчунин вазъият ва имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар давоми ду сол таҳия гардида, моҳи июли соли 2017 ба тасвиб расидааст.
Аҳамияти Қонуни мазкур дар он аст, ки дар доираи он беш аз 30 навоварӣ (ҳамчунин имтиёзҳо ва ҳавасмандгардониҳо) ва механизмҳои муосири танзимкунандаи муносибатҳо ва таҳкимбахши иқтисодиёт муқаррар гардидаанд, аз ҷумла, ташаккули низоми сайёҳии дохилӣ, рушди маданияти сайёҳии шаҳрвандон, устуворгардии иқтидори амалии давлат оид ба қабули сайёҳони хориҷӣ, ташкили инфрасохтори муосири хизматрасонии сайёҳӣ, муқаррар гардидани намудҳои гуногуни сайёҳӣ ва хизматрасониҳои муносиб, аз байн бурдани низоми иҷозатномадиҳӣ ба намуди фаъолияти сайёҳии дохилӣ, зимнан, ба роҳ мондани тарзи содаи баҳисобгирии он, ташаккули намудҳои нави хизматрасонии сайёҳӣ, ба монанди сайёҳии кишоварзӣ, сайёҳии хонаист, саёҳати нақлиётӣ, фароҳам гардидани шароити муосид барои иштироки сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ дар ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, ташкил гардидани намудҳои нави фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра. Ҳамаи ин имкониятҳо дар навбати худ ба рушди устувори иқтисодиёти кишвар дар шароити ҷомеаи муосир сабаб гардида, дар ибтидо ба таъсис ёфтани даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва дар сурати татбиқи босамар ба ташкил гардидани захираҳои хеле зиёди шуғлмандии шаҳрвандон мусоидат менамоянд.


Таҳияи  Мирзошариф Абдусаломов

 
“Andesha”

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо