Рӯзи ҷаҳонии парандаҳо:400 намуди парпандаҳо дар Тоҷикистон

 

70497724 375325340066347_7112601507499928088_n
Умуман д
ар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 400 навъи парандагон ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 43 намуди онҳо ҳамчун парандагони нодир ба ҳисоб мераванд, ки зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд ва ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид карда шудаанд. Ба роҳ мондани сайёҳии парандашиносӣ дар Тоҷикистон имкониятҳо хеле зиёданд ва табиати зебои диёр ин шароитро муҳайё сохтааст. Солҳои охир дар тамоми дунё сайёҳии орнитологӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин сайёҳии экологӣ хеле маъруфият пайдо кардааст. Ин вобаста ба он аст, ки парандагон ҳамчун як гурӯҳи хеле зебои ҳайвонот диққати ҳазорон дӯстдорони табиатро ба худ ҷалб мекунанд. Сайёҳоне, ки ба ин соҳа шуғл меварзанд, барои онҳо дидани парандагоне, ки андоми зебо доранд, зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд ва нодир ҳастанд, хеле муҳим мебошад. Ин матлабро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов дар Рӯзи ҷаҳонии  парандаҳо, ки ҳамасола 1 апрел дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад иброз намуданд.

Номбурда зикр намуданд,ки Тоҷикистон аз рӯи мавқеи ҷойгиршавӣ минтақаи муҳим барои ҷамъ омадани парандагон маҳсуб мешавад. Дар ҳудуди Тоҷикистон 18 мавзеи калидии орнитологӣ муайян шудаанд, ки дар онҳо шумораи зиёди парандагон дар фаслҳои гуногуни сол ҷамъ меоянд. Аз тарафи мутахассисони соҳаи парандашиносӣ дар минтақаи Тоҷикистони ҷанубӣ-ғарбӣ ва мавзеъҳои обию ботлоқии Тоҷикистони шимолӣ ҷамъ омадани то 150 ҳазор парандагон  ба қайд гирифта шудааст. Хусусан, дар обанбори «Баҳри тоҷик» дар қисмати шимолии Тоҷикистон ва обанборҳое, ки дар қисмати Тоҷикистони ҷанубӣ ҷойгир шудаанд. Ҳавзу кӯлҳои мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», поёноби дарёи Вахшу  Кофарниҳон мавзеъҳои калидии ҷамъ омадани парандагон маҳсуб мешаванд. Дар ҳудуди Тоҷикистон солҳои охир зиёда аз 20 намуди парандагон ба қайд гирифта шудаанд, ки ин ба тағйирёбии иқлим вобаста аст.

Ҳамчунин дар байни парандагони Тоҷикистон намудҳое ҳастанд, ки ҳифзи онҳо аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Як хусусияти хоси парандагон аз он иборат аст, ки онҳо сарҳади маъмуриро намепарастанд. Дар байни парандагони Тоҷикистон беш аз 140 намуд парандагоне ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо ба категорияи кӯчанда дохил карда шудаанд.

Баъзе аз парандагоне низ ҳастанд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон давоми чанд рӯз ба қайд гирифта мешаванд. Онҳо ҳангоми кӯчиш давлати моро аз қисмати ҷанубии Осиё ба қисмати шимолӣ ба сифати истгоҳ истифода мебаранд. Дар ин ҷо онҳо захираи энергетикии худро барқарор карда, парвози худро идома медиҳанд. Дар мавсимҳои гуногуни сол  парандагони зиёд аз мамлакати мо муҳоҷират мекунанд. Ғайр аз парандагони кӯчанда дар Тоҷикистон парандагоне ҳастанд, ки онҳо муқимӣ мебошанд. Шумораи ин парандагон тақрибан аз 180 намуд зиёдтар аст.

Бояд зикр кард, ки 1 апрел ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии парандаҳо дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Ин албатта тасодуфӣ буда наметавонад, зеро 1 апрели соли 1906 Конвенсияи байналмилалии ҳифзи парандагон ба имзо расидаст. Ин ид аз кулли инсоният даъват мекунад, ки парандаҳоро дӯст доранд,муҳофизат намоянд ва шароити табиатро аз вайроншавӣ эмин нигоҳ доранд. Ҳар нафари мо барои маҳви он чизе, ки сароғози маҳви зиндагии худи мост, ҷавобгар ҳастем! Инсоният бо табиат аз азал вобастагии ногусастанӣ дора ва хоҳад дошт.Ҳифзи парандагон,умуман табиат зебогии ҳаёти инсониятро дучанд менамояд ва ба зиндагии одамиёну оламиён рангорангии дигар зам мекунад.

Садо

Навор

Ҳама наворҳо