Ҷаҳонгир Ҷӯраев, Манучеҳр Турсунов ва Фараҳноз бо медалҳои тилло баргаштанд

74880639 2186149581686863_6990280907437375488_o

 

 

Дар шаҳри Анталияи Туркия аз санаи 27-уми октябр то 3-юми ноябр олимпиадаи байналмилаллӣ аз фанҳои таълимӣ гузаронида шуд ва дар он чор нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ширкат карда, пирӯз шуданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд, дар ин олимпиада хонандагони муассисаи таълимии ғайридавлатии "Гулчини маърифат" Ҷаҳонгир Ҷӯраев ва Манучеҳр Турсунов сазовори медалҳои тилло гардиданд. Инчунин хонандаи синфи 10-и литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд - Фараҳноз дар ин озмун иштирок кард ва соҳиби медали тилло шуд.

Шаҳзода Ваҳҳобова муҳассили синфи 9-и МТМУ №2 сазовори ҷойи сеюм гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд, Муҳайё Акмалхӯҷаева мудири шуъбаи маорифи шаҳр, маъмурият ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии номбурда ғолибонро дар майдони назди Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд пешвоз гирифтанд.

 

 

 

 

 

Садо