Хатлон: 30 ҳазор сомонӣ ба соҳибони аттестати аъло

 

untitled-4
Тибқи иттилои АМИТ “Ховар” Қурбон Ҳакимзода раиси вилояти Хатлон барои дастовардҳои шоён дар таҳсил ва бо аттестати аълои равиявӣ (аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ) ва медали тилло хатм кардани муассисаи таълимӣ дар соли 2019 ба хатмкардагони литсейи давлатии №1-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Фурқат Давлатмуродзода, гимназияи давлатии «Боғи Ҳабиб»-и ноҳияи Муъминобод Аниса Сатторова ва Рамзия Саъдуллоева мукофоти пулӣ ба андозаи 10 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 30 ҳазор сомонӣ тақдим гардид. Ин ҷоизаҳои пулиро ба соҳибонашон муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода дар вазъи тантанавӣ супорид.

Инчунин директорони Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Ҳамадонӣ Абдулҳафиз Мисралиев ва Гимназияи давлатии “Боғи Ҳабиб”-и ноҳияи Муъминобод Ҳабиб Қурбонов бо мукофоти ҳавасмандсозӣ ба маблағи се ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

 (акс аз "Ховар")


Садо