Вазорати маориф донишҷӯёни тоҷикро барои таҳсил ба Эрон мефиристад

 

eron tajikistan

Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ахиран вохӯрии Саид Нуриддин, вазири маориф ва илм кишвар бо Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири навтаъйини Эрон дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он тарафҳо аз ҳамкориҳои судманду ҷойдошта дар самти маориф ва илм ибрози андеша намуданд.
Зимни мулоқот Муҳаммадтақӣ Собирӣ таъкид доштааст, ки сафорати Эрон дар Тоҷикистон омода аст, ки дар самти табодули донишҷӯён, ҷудо намудани бурсияҳо барои донишҷӯёни ду кишвар, дифои рисолаҳои унвонҷӯёну муҳаққиқони эронӣ дар Шӯроҳои дифои Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон, табодули таҷрибаи олимону профессорон, баргузор кардани ҳамоишҳои илмию фарҳангии муштарак ҳамкориҳоро ба роҳ монад.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид афзуд: “Хуб мебуд, ки бештар табодули донишҷӯён дар риштаву ихтисосҳое ба роҳ монда шавад, ки аз рӯйи он ихтисосҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассис омода карда намешаванд ва ҳамзамон, баргузор кардани ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ, табодули таҷрибаи олимону профессорон, омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ба мақсад мувофиқ аст”.

Садо