Забон ҳастии миллат

 

Забон рукни асосии миллат аст. Ҳар касе, ки ба қадри
забон нарасад ба қадри ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас намерасад. Охир
забон модар аст, забон таърих аст, забон маданият аст, забон
тақдир аст.
Маҳз ба туфайли забон буд, ки мо тавонистем аз гузаштаи
пурмоҷарои дури худ хабардор шуда, ифтихор аз он кунем ки
тоҷикему тоҷикзодаем, ифтихор аз шоирону бузургон ва олим-
они гузаштаи худ ба мисли А. Рӯдакӣ, А. Фирдавсӣ, Ибни Сино
ва дигарон бо тамоми сахтиҳову кашмакашиҳои дарбор тохту
този бегонагон нигоҳ накарда бо ин ки зери фишорҳои зиёде
буданд, аммо бо ҳам забони ноби тоҷикӣ лафзи ширини
модарии худро нигоҳ доштанду барои насли оянда ба мерос
гузоштанд, то ки миллати тоҷик аз байн наравад. Ҳар чанд
дар замони хилофати арабҳо ба забони тоҷикӣ баъзе калимаҳо
омехта гардида бошад ҳам боз ҳам ҷазобияташро аз даст
надодааст.
Дар вақти тақсимоти милливу ҳудуди соли 1929 устод С. Айни
Б. Ғафуров ва дигар абардмардони тоҷик тавонистанд ба
хизматҳои софдилонаи худ собит созанд, ки ин миллати куҳан-
бунёд зиёда аз 1 миллион аҳоли буда соҳиби забони ноби
модарии худ мебошанд. Маҳз ҳамин сабаб шуд, ки дар харитаи
сиёсии ҷаҳон боз як давлати дигар бо номи Тоҷикистон пайдо
гардид.

        То даме, ки пуштибон дорад Ватан,
        Зинда мемонад, ҳазорон пушти ман.
        То даме, ки пуштибон дорад Ватан,
        Тоҷик асту дафтару шеъру сухан.

Бале ин мисраҳои шеъри ишорае ба суханони бузургони волои
мо ҳастанд абардмардони гузаштаи мо тоҷикон ки номашон то
имрӯз зинда аст тавонистанд забону фарҳанги гузаштагони худро
пуштибони намоянд ва ба ин шарофат соҳиби Ватан гардидаанд,
ки мо ҷавонон аз таърих шоҳид гардидаем, ки онҳо барои ба
мақсади худ расидан ба бисёр мушкилиҳои сангине ру ба ру шуда-
анд аммо тавонистанд ба наслҳои оянда забону фарҳанги тоҷиконро
ба мерос гузоранд ва мо ҷавонон бояд ба қадри ин заҳмат расем.
Ба қадри заҳмати абармардон расидани мо ҷавонон дар он зоҳир
мегардад, ки иҷозат надиҳем, ки калимаҳои дигар иқтибос гардида
ба забонамон дохил гарданд. Ҳарчанд имрӯзҳо ҷавонони мо дар
вақти муоширати байни якдигар бештар ба шева роҳ медиҳанд ва
ё ин ки баъзеи дигарашон дар вақти гуфтугу бештар калимаҳои
русӣ, англисӣ ва дигар иқтибосҳоро истифода мебаранд. Дар
ҳоле, ки метавонанад дар вақти муошират аз калимаҳои
тоҷикӣ истифода баранду фонди луғавии якдигарро бою ғанӣ
гардонанд, аммо гуруҳи шахсоне ҳастанд, ки натанҳо ба меъёри забон риоя намекунанд, балки забони худро ба суханҳои баду
қабеҳ мекушоянд, бидуни он ки ба чизе диққат диҳанд то он
ҳарфе барояшон ин суханон муқарари шудаанду аз гуфтанашон
шарм намедоранд. Дар ҳоле, ки:

          Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳасти сухан аст,
          Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомуш аст.

Ё дар ҷои дигар Юнониён ба ин маъни мақоле доранд,
«Ҳарф бизан, то ман бифаҳмам ки ту кисти».
Ҳамаи ин костагиҳоро ба назар гирифта, баъди ба даст овардани
Истиқлолият ислоҳоти забони тоҷикӣ гузаронида шуд, гарчанде, ки
22-юми июли соли 1989 забони ноби тоҷикӣ мақоми давлати гирифта
бошад, ҳам 5-уми октябри соли 2009 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар бораи забони давлати қабул гардида ҳар сол дар таърихи
ин рӯз рӯзи забони тоҷикӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар охир ба ҳамаи Шумо ҳамватанони азиз фарорасии рӯзи
забони давлатиро ба воситаи рӯзномаи «Молия ва иқтисоди
Тоҷикистон» табрику муборак бод гуфта дар фаъолияти минбаъда-
атон мувафақиятҳои нав ба навро таманно карда аз забоин шоир
гуфтаниам:

                            Забондонон забон бозичае нест,
                            Агар бар халқи худ ихлос доред.
                            Забони модариро эй азизон,
                            Чу шири модари худ пос доред.

Ҷалолиддин Мирзоев
Донишҷӯи ДДМИТ

 

Садо