Ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

unnamed 2Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.

Маҳз ҳамин аст, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар ҳамаи минтақаҳои кишвар барои наврасону ҷавонони давраи истиқлолият курсҳои кӯтоҳмуддат, аз ҷумла дӯзандагӣ, пазандагӣ, ороиши мӯйу рӯй, марказҳои омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ва технологияи инноватсионӣ доир менамояд, ҳамчунин дар он садҳо наврасону ҷавонони касбомӯзу илмомӯз ҷалб мегарданд.

Аз ҷумла дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд курсҳои кӯтомуддати техникаи компютерӣ ва бо мақсади касбомӯзии духтарони хонашин, курси дӯзандагӣ дар маркази ҷавонони ноҳия ташкил ва баргузор гардида, ба ҷавонон курсҳои мазкурро мутахассисони соҳибтаҷриба пешбарӣ менамояд.Ташкил ва ба роҳ мондани курсҳои омӯзишии ройгон барои ҷавонон намунаи волои таваҷҷуҳи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои ҷавонпарвари миллати тоҷик нисбат ба қишри ояндасоз – ҷавонон мебошад. Дар баробари ин ҳама ғамхориҳо насли имрӯз талош менамояд, то ҳамқадами замон бошад, ҳама илмҳои муосирро аз худ намуда, талаботи асрро қонеъ гардонад, касбҳои гуногуни миллиро омӯзад ва ба ин васила ҳамчун як шахсият ба халқу Ватани худ софдилонаву содиқона хизмат намояд.

Акнун, ҷавонони соҳибзавқ ва ҷӯяндаи касбу ҳунар метавонанд соҳиби касбу ҳунар ба тариқи ройгон шаванд. Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат барои омӯзишу азхуднамоии донишҳои замони муосир тамоми имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст ва танҳо ҷавононро мебояд, ки илм омӯзанд, дониш аз бар намоянд, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намуда, мутахассисони баландихтисос гардида, ба Ватан – Модар содиқона хизмат намоянд.

 

https://youth.tj/uncategorized/15034/


Садо

Навор

Ҳама наворҳо