Эълон!!! Барои олимони ҷавон.

 

 

jjjj

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2020 байни олимони ҷавон озмун эълон менамояд.
Мақсад аз таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ — ин қадршиносии хизматҳои шоистаи олимони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии онҳо, рушду инкишофи иқтидори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иттилоъ доданд, довталабони то 35-сола ҳуқуқи дар озмун иштирок намудан доранд. Дар озмун ба тадқиқоти илмие, ки ба инкишофи илмҳои бунёдӣ, гуманитарӣ, техникӣ, табиатшиносӣ ва тиб, коркард ва азхудкунии техника, материалҳо ва технологияи пешқадам, ки суръати афзоиш ва самаранокии пешрафти иқтисодиёту иқтидори мудофиавии мамлакатро мустаҳкам менамоянд, афзалият дода мешавад.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 25 майи соли 2020, соати 17:00 муайян шудааст. Довталабон метавонанд барои маълумоти иловагӣ ба рақамҳои 2351025, 2360117, 2351953, 2363726, 987565785 дар тамос шаванд.

Садо

Навор

Ҳама наворҳо