Маросими тантавии ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …»

Bunyod-Rahnamo-1

 

Санаи 28 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантавии ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар соли 2019 баргузор гардид.

Дар маросим Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода, аъзои ҳакамон, иштирокчиёни озмуни мазкур, волидайни иштирокдорон ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин аҳли илму адаби мамлакат иштирок намуданд.

Озмуни мазкур бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Озмун аз ноҳия оғоз гардида, то сатҳи вилоятиву ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Имрӯз беҳтарин истеъдодҳо муаррифӣ ва қадрдонӣ мегарданд.

Сипас Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода Шоҳҷоизаи асосии озмун — 50 000 сомониро ба хонандаи Муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Бунёд Раҳнамо бо гирифтани 253, 5 хол тақдим намуд.

Ғолибони чор номинатсия бо маблағҳои муайяншуда қадрдонӣ гардиданд:

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик»:

Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Сарфарозиддин Имрониддинов.

Ҷойи дуюм — 25000 сомонӣ ба Сафармоҳи Аҳмадбек.

Ҷойи сеюм — 20000 сомонӣ ба Шабеҳа Раҳнамо.

 

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик»:

Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Шукрона Хоҷамқулова.

Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ ба Рухшона Нурова.

Ҷойи сеюм -15000 сомонӣ ба Мосума Шоҳмуродзода.

 

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик»:

Ҷойи якум -25000 сомонӣ ба Муҳаммад Раҳнамо.

Ҷойи дуюм — 17000 сомонӣ ба Зебонисои Азизиён.

Ҷойи сеюм — 13000 сомонӣ ба Бинямони Илҳом.

 

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон»:

Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Шабнам Одинаева.

Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ ба Насиба Ҳафизова.

Ҷойи сеюм — 15000 сомонӣ ба Шобегим Маликшоева.

 

Азизмоҳ Панҷшанбезода аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои маҳорату дониши хуб доштан бо 10 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм сарфароз гардид.

Ҳамчунин чанд нафар ятимони кулл ва хурдсолоне, ки дар озмуни мазкур дониши баланд доштанд, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Инҳо Озодаи Саид, Ҷурахон Тошов, Лайло Рӯзибоева, Ҳумайнӣ Кароматуллоҳ, Аҷикуллоҳ Ҳусейнов ва Сайрам Файзова мебошанд.

Гирандаи Шоҳҷоиза хонандаи синфи 10 Муассисаи таълимии литсейи хусусии «Раҳнамо» Бунёд Раҳнамо мебошад. Вай зимни суҳбат иброз дошт, ки «ман дар даври шаҳрӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардидам. Аз рӯйи чор номинатсия низ иштирок намудам. Талаботи доварон дар ин давр хеле ҷиддӣ гардида буд. Ғолибияте, ки имрӯз ба даст овардам, ташаббукори он Пешвои миллат мебошанд, зеро он кас бо ташкил намудани ин озмун тавонистанд шавқ ва рағбати насли имрӯзаро ба китобхонӣ бештар намоянд».

Инчунин ба ғолибони дигари озмун диплому ифтихорномаҳо супорида шуданд. Ба ин озмун беҳтарин китобхонҳову чароғҳои рӯшан ва нури фурӯғи субҳи доноии тамоми қишрҳои мухталифи ҷомеа ҷалб гардиданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо