26 декабр гирифти ҳалқамонанди навбатии Офтоб ба амал меояд

 

cikk cz_0208b_0_cad48f30-8511-4296-9ecd-46248489fe60_452x330


26 декабри соли 2019 гирифти ҳалқамонанди навбатии Офтоб ба амал меояд. Падидаи астрономии «Гирифти офтоб» вақте рух медиҳад, ки Моҳтоб пурра ё қисман Офтобро аз нуқтаи назари мушоҳидачиён дар рӯи Замин мепӯшонад. Гирифти Офтоб ҳодисаи маъмулии табиӣ ба ҳисобмеравад ва танҳо ба ҳаракати Офтобу Моҳтоб дар кайҳон вобастагӣ дорад.

Директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳо Гулчеҳра Коҳирова ин нуктаро шарҳ дод. « Ҳангоми навшавии Моҳтоб танҳо гирифти Офтоб имконпазир аст. Дар ин марҳала Моҳтоб аз Замин тамоман дида намешавад. Гирифти Офтоб ҳодисаи зуд такроршаванда нест. Дар як сол дар Замин аз 2 то 5 ҳодисаи гирифти Офтоб ба амал меояд».

Тибқи гуфтаҳои олими тоҷик, гирифти ҳалқамонандии Офтоб 26 декабри соли 2019 дар Замин дида намешавад. Шароити мусоид барои мониторинги пурраи ҳодиса дар Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Суматра, Сингапур ҷойгир карда мешавад. Марҳилаҳои гирифтани офтоб дар Осиё, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, Қавқоз, Қазоқистон, Сибир ва Урал қисман намоён мебошанд.

Инчунин Гулчеҳра Коҳирова илова намуданд, ки "Моҳи нав дар Тоҷикистон рӯзи 26 декабр, соати 10:13 бо вақти маҳаллӣба амал меояд. Гирифти Офтоб 26 декабр, соати 8:34 ба вақти маҳаллӣ оғоз ёфта, соати 13:05 бо вақти маҳаллӣ ба анҷом мерасад. 26 декабр, офтоб дар Тоҷикистон бо вақти маҳаллӣ 8:30 тулӯъ мекунад. Аз ин рӯ, бо назардошти шароити хуби обу ҳаво, қисман фаро расидани офтобро дар Тоҷикистон дидан мумкин аст ».

Директори ин муассисаи илмӣ инчунин зикр кард, ки рӯйдоди гирифти Офтоб ба саломатии инсон ва рӯзгори ҳаррӯзаи мардум таъсир намерасонад. Мушоҳидаҳои бисёрсола тасдиқ карданд, ки пас аз гирифт ё ҳангоми гирифт ягон намуд далелҳои манфӣ нисбат ба инсоният ба қайд гирифта нашудаанд. Аз ин лиҳоз ҳангоми гирифти Офтоб одамон бевосита метавонанд мисли ҳаррӯза фаъолият намуда, ба ҳар хел иғво ё шарҳу тавзеҳи хурофотӣ эътибор надиҳанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо